Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистонро дар Сеул ҷашн гирифтанд

 Дар майдони марказии Сеул (Донгдемун Сквеа) ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябр чорабинии идона барпо гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар оғози чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Шарифзода Юсуф Тоир ҳозиринро шодбош гуфта, роҷеъ ба аҳаммияти сарнавиштсози Истиқлолият дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва дастовардҳои ободиву рушди ин даврон таъкид намуд.
Дар чорабинӣ, ки бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея, Ҷамъияти дўстии Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ, доираҳои бозаргонӣ, расонаҳои маҳаллӣ ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик баргузор шуд, аксҳои манзараҳои зебои ватанамон, китобҳо дар бораи таъриху фарҳанг, намунаҳои асарҳои кулоливу заргарӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии суннатӣ, мавод оид ба имкониятҳои сайёҳии кишварамон ба намоиш гузошта шуда, дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *