“Рӯзи кӯдакон” дар хонаи кӯдакони №1 (АКС ва ВИДЕО)

Имрӯз дар Муассисаи давлатии  Хонаи кӯдакони махсусгардонидашудаи  №1-и шаҳри Душанбе, бахшида  ба “Рӯзи кӯдакон” чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.

Фазои идона, табассуми кӯдакон, рақсу бозӣ ва шеърхонии онҳо  ифшогари розу орзуҳои дилашон  буданд.

Зуҳро Боронова , сартабиби муассисаи мазкур дар суҳбат ба мо қайд кард, ки айни ҳол дар муассиса зиёда аз 70 кӯдак таълиму тарбия ва нигоҳубин карда мешаванд, ки онҳо  кӯдакони  ятиму бепарастор, маъюб ва  аз оилаҳои камбизоат ҳастанд.

Номбурда афзуд, дар чорабини имрӯза намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе,  ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, Раёсати тандурустӣ иштирок намуда, туҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд.

1 июн ҳамасола “Рӯзи кӯдакон” бар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин санаи таърихи 67  сол сипарӣ гашт.   Бори аввал санаи  1 июни соли 1950 ин рӯзро ҳамчун  “Рӯзи Кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ” таҷлил намуда буданд.

 

(ВИДЕО дар наздиктарин дақиқаҳо нашр мешавад)

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *