Рӯзи «облавачиён» ва гургҳое, ки саги Артишро хӯрданд…
Дӯсти деринамро бо Рӯзи артиши миллӣ шодбош гуфтаму дар ҷавоб табрикам намуд:
— Рӯзи «облавачиён» муборак!
Лаҳзае худро гум кардам, ки ин рӯз кай ва аз куҷо пайдо шудаст? Гузориши Прокурори генералии ҷумҳурӣ ва тасдиқи ӯ, ки ҳодисаҳои «облава» воқеан аз ҷониби баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ ҷой дорад, ба ёдам расиду эҳтимоли воқеъият пайдо кардани Рӯзи «облавачиён»-ро эътироф кардам…
Дар омади гап: Пас кормандони комиссариатҳо метавонанд иди «касбии хоси» худро дошта бошанд, аммо он набояд ба Рӯзи Артиши миллӣ рост ояд. Онҳо метавонанд ин идро дар давоми сол ду бор – 2 октябр ва 2 апрел – пас аз Рӯзи даъватшавандагон (1апрел ва 1 октябр), ки ба даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ рабт дорад, бо шукӯҳу тантана таҷлил намоянд.
Ҳамчунин: Як шиноси деринаам дар деҳоти Сағирдаши ноҳияи Дарвоз зиндагӣ мекунад. Дар арафаи иду ҷашнҳои расмию суннатӣ ва зодрӯзҳо ҳамдигарро шодбош мегӯем. Ин дафъа пешдастӣ кардаму ӯро бо рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфта, аз вазъи обу ҳаво ва зимистони соли равон пурсон шудам.
— Напурс, бародар, аз 1 метр баландтар барф боридааст, — гуфт ӯ. – Аммо инаш дарди ба хайр, як моҳ мешавад, ки галаи гургон моро ба ташвиш овардааст. Онҳо ба сагони деҳот қирон оварда, аллакай 10-12 сагро туъмаи худ кардаанд.
— Ба ягон одам зарари ҷисмонӣ нарасондаанд?
— Хайрият ки не. Гургҳо ҳатто саги қисми ҳарбиро хӯрдаанд!..
Дар омади гап: Аз афташ то гургон ба одамон дарнаафтанд, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз тамошобиниро ихтиёр мекунад?
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ