Рӯзи ошиқонро ҷашн мегиранд (Видео)

Бо вуҷуди баҳсҳои тӯлонӣ ва мавҷи маҳкумият ба хусус аз ҷониби диндорон, Рӯзи Валентин ҳамчун Рӯзи ошиқон дар Тоҷикистон солтосол маъруфтар мешавад. Ва агар қаблан доманаи таҷлили ин ҷашн бештар бо ҷавонони шаҳрнишин маҳдуд мешуд, ҳоло Рӯзи ошиқон батадриҷ ба берун аз шаҳрҳои Тоҷикистон низ пой мегузорад.

                                  Бознашр аз «Ахбор»
Муносибат ба Рӯзи Валентин ё Рӯзи ошиқон дар Тоҷикистон ҳамчунон мутаноқиз боқӣ мемонад.

Як қисми мардум ин идро хилофи суннатҳои дини Ислом ва ҳам мухолиф ба анъанаҳои мардуми тоҷик хонда, таҷлилашро барои як мусалмон ҳатто гуноҳ мешуморанд. Аммо иддаи дигар дар ин рӯз ба сӯи дӯконҳои гулфурӯшиву мағозаҳои ширинифурӯшӣ ва ҳатто ҷониби мағозаҳои ҷавоҳирот мешитобанд, то Рӯзи ошиқонро барои дӯстдошта ё ҳамсари худ ба як рӯзи фармоӯшношуданӣ ва саршор аз ишқу муҳаббат табдил диҳанд.

Назари ҳамсуҳбатони сомонаи «Ахбор” дар кӯчаҳои Душанбе низ ба Рӯзи Валентин яксон набуд.

Сабзалӣ Валиев, як ҷавон, ки худро сокини пойтахт муаррифӣ намуд, дар суҳбати бидуни микрофон гуфт: «Дар ягон ҷои дини мубини Ислом оварда нашудааст, ки барои ошиқон махсус рӯз аст ва онро ҷашн бигиред. Ҳар касе ин рӯзро эътироф мекунад, ӯ аз мо нест.»

Аммо Манижаи Хуршед, ки худро донишҷӯи Донишгоҳи славянӣ гуфт, Рӯзи ошиқонро як пайти муносиб барои оштӣ шудан бо ҷавони дӯстдоштааш мешуморад ва мегӯяд, хеле боз мунтазири ин рӯз ва ин пайт буд: «Рӯзи ошиқон бароям хеле писанд аст, чунки хотири маҳбубамро бо туҳфаи хурдакак ҳам бошад, шод мегардонам. Ду моҳ мешавад, ки бо ҳам қаҳрием ва дар ин рӯз худам барояш туҳфа тақдим мекунам ва сабаби дубора пайвастани мо ҳамин рӯз мегардад. Бигзор чунин рӯз бошаду ба мисли ман дигар ошиқони қаҳрӣ бо ҳам оштӣ шаванд.”

Таърихи Рӯзи Валентин, бино ба ривоятҳо, аз як роҳиби масеҳие бо номи Валентин оғоз мегирад, ки бар хилофи фармони султони Рум Клавдий сарбозони зархариди султонро бо дӯстдоштаҳояшон ақди никоҳ мебаст. Клавдий аз тарси инки сарбозони зархарид (легионер) баъди издивоҷ ҷасорати кофӣ нишон намедиҳанд ва шояд ҳатто аз майдони ҷанг бигурезанд, издивоҷро барояшон манъ карда буд.

Аммо номанависӣ ба дӯстдоштаи худ дар Рӯзи Валентин дар асрҳои миёна ривоҷ ёфт. Нахустин чунин нома, ки то имрӯз дар осорхонаи Бритониё маҳфуз аст,500 сол муқаддам, дар соли 1477 навишта шудааст. Ин мактуб аввалин бор дар намоишномаи бахшида ба ҳазорсолагии адабиёти англис пешкаши оммаи васеъ гардонида шуд. Дарин нома духтарак аз маҳбубаш хостори исботи ишқи ӯ шудааст. Ҷавон бошад, дар номаи ҷавобӣ менависад, ки тавассути модараш бо издивоҷ бо ин духтар ҳатман ноил хоҳад шуд.

Аз оғози асри XIX тақдими тӯҳфаҳои коғазӣ ё ба истилоҳ «валентинка”-ҳо дар Рӯзи Валентин ба муд даромад. Дар аввалҳо аз коғазҳои сиёҳу сафед ҳар намуд рамзҳои ошиқона, ба монандӣ «дил” , «гул” меофариданд. Баъдтар ҷои коғазҳои сиёҳу сафедро коғазҳои ранга ва ранги давоӣ ишғол кард. Дар рӯи чунин коғазҳо навиштаҷотҳои муҳабатомез менавиштанд ва муҳаббати худро баён мекарданд. Ба монандӣ «I love you”, «Love is…”-ро ҷой медоданд. Ҳар ошиқ ишқашро аз рӯи фаҳмишу зеҳн ва ҳасосияти хеш таҳия месохт. Ҷиддиҳо ҷиддитар, одиҳо оддитар менавиштанд. Аксҳои дил, ки дохилаш бо лухт ( мочалка) пур карда шудаааст, махсусан агар ранги сурх дошта бошанд, харидорони бештар дошту доранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *