Рӯзи пиронсолон муборак бошад!
Пиронсолон — ин хазинаи бебаҳои инсоният, хираду дониш, чораю тадбир, таҷрибаю маърифат ва дифоъгари анъанаҳои аҷдодӣ мебошанд. Ҳамасола 1 октябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки 14 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ бо қарори худ 1 октябрро ҳамчун Рўзи байналмилалии пиронсолон (ё худ одамони калонсол -«International Day of Older Persons») эълом доштааст.
Дар Рўзи байналмилалии пиронсолон ҳукуматҳо, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамаи одамони сайёра бояд диққати худро барои бунёд намудани «ҷамъият барои ҳамаи синну сол» равона созанд. Дар ҷомеа бояд шароите фароҳам овард, ки одамон на танҳо умри дароз бинанд, балки ҳаёти онҳо хуш, гуногунранг, пурарзиш ва қаноатмандона бошад.
Дар ибтидо Рўзи пиронсолон дар Аврупо, баъдан дар Амрико ва дар охирҳои солҳои 90-ум аллакай дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешуд.
Дар Тоҷикистон ин ид нахустин бор соли 1993 ҷашн гирифта шуд. Он замон бо ташаббуси собиқ Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус дар тамоми муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ чорабиниҳои алоқаманд гузаронида шуданд. Дар сатҳи маҳаллӣ барномаи дастгирии иҷтимоии пиронсолон «Ғамхорӣ» қабул гардид.
Мақсад аз эълон доштани ҷашни мазкур, пеш аз ҳама — ҷалб намудани диққати ҷомеа ба мушкилиҳои одамони куҳансол, масъалаҳои пиршавии аҳолӣ ва ҳамчунин пайдо намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии нафақахўрон мебошад.
Пиронсол гуфта шахсеро меноманд, ки ба синни нафақа расидааст. Ғайр аз ин, чун анъана давраи пиронсолӣ асосан аз синни 75 боло фаҳмида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ