Рӯзи Президент дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Шурӯъ аз 12 ноябри соли равон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат машғулият ва чорабиниҳо оид ба муаррифии асарҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.
Тавре ки Насимҷон Ойев, муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оид ба корҳои таълимӣ иттилоъ дод, дар ин машғулиятҳо тамоми устодон ва донишҷӯёни донишкада фаро гирифта шудаанд. Ҳадаф аз баргузории машғулиятҳо ва силсила-чорабиниҳо оид ба муаррифии асарҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки устодону донишҷӯёни донишкада дубора аз муҳтавои паҳлуҳои мухталифи асарҳои илмиву сиёсии Пешвои миллат огаҳӣ пайдо намоянд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсии сатҳи ҷаҳонии замони муосир маҳсуб меёбад. Асарҳои Пешвои миллат омили шинохти воқеии миллат ва тарбияи ҷавонон дар руњияи эњсоси ватандориву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки раёсати донишкада барои боз ҳам баланд бардоштани маънавиёти донишҷўён ва бо истифода аз ин ганҷинаи нодир-асарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи ватандўстию ифтихори миллӣ, роҳандозии корҳои созандагию бунёдкорӣ хидоят намудани донишҷўён ин иқдомро роҳандозӣ намуд.
Ёдрас мешавем, ки машғулиятҳои мазкур то санаи 16 ноябр идома ёфта, он бо таҷлили тантанавии Рӯзи Президент ҷамъбаст хоҳад гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ