Рӯзи ҷумъа чӣ фазилат дорад?
Мегӯянд, ки дар байни рӯзҳо рӯзи ҷумъа фазилати хоса дорад ва дар ин рӯз тамоми мавҷудоти олам озод ҳастанд. Лутфан дар бораи фазилатҳои рӯзи ҷумъа сухан мегуфтед. Дар ин рӯз кадом вақт дуо кардан беҳтар аст?
Парвиз Розиқов, ш. Душанбе.
Посух
Дар ҳадис омадааст, ки рӯзи ҷумъа зиёда аз панҷоҳ фазилат дорад. Ин рӯз рӯзи иҷобати дуоҳо аст. Ҳазрати Одам (а) дар ҳамин рӯз офарида шуд, дар ин рӯз ба замин фуруд омад ва дуояш мустаҷоб гашт. Қиёмат дар ҳамин рӯз барпо хоҳад шуд. Ҷумъа рӯзи ҳаҷҷи фақирон ва мискинон аст. Лаҳзаи иҷобати дуо дар рӯзи ҷумъа ҳангоми баромадани имом ба минбар ва хондани хутба аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ