Рӯзигули бокира худашро дор кашид

Як навраси 16-сола дар ноҳияи Восеъ бо рӯмоли сараш худро овехтааст.

Наздикони Рӯзигул мегӯянд, ин ҳодиса 11 август иттифоқ афтодааст. Ҳайталӣ Лолахонов, падари Рӯзигул мегӯяд, вақте якбора бедарак шуд, ҳама пайи ҷустуҷӯяш шуданд ва ӯро дар ҳолати овехта аз дохили оғилхона пайдо карданд. Лолахонов гуфт, баъди даъват кардани кормандони пулис ҷасадро поин оварданд ва дар кафи дасташ навиштаҷотеро диданд: “Навишта шуда буд, ки ман духтари бокира ҳастам. Алҳамдулиллоҳ мусалмонам, ба пои таҳорат”.

Падари Рӯзигул мегӯяд, ӯ бо касе ҷанҷол ё муноқиша накарда буд ва сабаби ба ин амал даст заданашро намедонанд. Ба гуфтаи Лолахонов, Рӯзигулро вақте ҳамагӣ се рӯза буд, ба фарзандхонӣ гирифтанд.

Аз додситонии ноҳияи Восеъ гуфтанд, нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *