Рӯзноманигори ӯзбекистонӣ 10 рӯз ҳабс шуд

Додгоҳи маъмурии рӯзноманигори ӯзбекистонӣ Маҳмуд Раҷаб ва пайвандону наздиконаш, ки пиёда озими Тошканд буданду мехостанд, бо вазири корҳои дохилии он кишвар мулоқот кунанд, соати 10 шаби 23 сентябр шуруъ ва соати 4 субҳи 24 сентябр ба поён расид.

«Соати 10 шаби 23 сентябр ҳамаи моро вориди автобус карда, ба додгоҳ бурданд. Мо то субҳ мунтазири қарори додгоҳ будем», — гуфт яке аз пайвандони Маҳмуд Раҷаб.

Додгоҳ Маҳмуд Раҷаб ва блогнависи маҳаллӣ Шабнам Оллашукуроваро 10-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ кард. Се марди дигар, ки дар роҳпаймоӣ ширкат доштанд, 70-долларӣ ва ҳафт зан 23-долларӣ ҷарима шуданд.

Маҳмуд Раҷаб, рӯзноманигор ва сокини Хоразми Ӯзбекистон ҳамроҳ бо 20 тан аз наздикону пайвандонаш рӯзи 23 сентябр пиёда озими Тошканд шуданд. Онҳо мехостанд, аз «беинтизомӣ ва беқонуние, ки дар вилояти Хоразм ҳукумфармост, ба вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар расонанд».

Аммо пулис онҳоро баъди тай кардани 50 километр роҳ боздошт кард.

Пештар хабар дода шуд, ки кормандони пулиси Хоразм 21 сентябр барои боздошти Маҳмуд Раҷаб ба хонааш рафтанд, вале онҳо ҳангоми боздошт ба муқовимати ҳамсояҳо рӯ ба рӯ шуданд.

«Кормандони милиса бо чаҳор мошин назди хонаи ман омаданд. Аммо ҳамсояҳо бо зарфҳои бензин ва гӯгирд ба кӯча барома, ҷанҷол бардоштанд. Виҷдони ман пок аст», — гуфт ӯ.

Мақомоти Ӯзбекистон Маҳмуд Раҷабро дар талоши ғайриқонунӣ ворид кардани китобҳои роҳбари мухолифон Муҳаммад Солеҳ айбдор мекунанд. Зидди вай дар асоси ду модда парванда боз шуда ва эҳтимоли аз 5 то 10 сол зиндонӣ шуданаш мавҷуд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *