Рӯзноманигорро 5 миллион сом ҷарима карданд

 Додгоҳи олии Қирғизистон қарори додгоҳҳои зинаҳои поёниро дар мавриди даъвои президент Сооробой Ҷеенбеков нисбат ба рӯзноманигор Кабай Карабеков бе тағйир боқӣ гузошт. Акнун Карабеков вазифадор аст, ки ба раисҷумҳури Қирғизистон 5 миллион сом (73,5 ҳазор доллар) пардозад.

Рӯзноманигор дар мавриди қарори додгоҳ гуфт, «додгоҳ ҳатто нахост, муайян кунад, ки мақола дар бораи кадоме аз бародарон Ҷеенбековҳост». «Дар мақола навишта нашудааст, ки президентро дар назар дорем. Ин қарори додгоҳ қобили қабул нест. Одамонеро, ки танҳо манбаи даромадашон маош аст, маҷбур мекунанд ҷаримаи ҳангуфт пардозанд! Додгоҳ ҳеч чизро ба эътибор нагирифт», — гуфт Карабеков.

Моҳи сентябри соли гузашта дар сомонаи хабарии «24.kg» мақолае бо номи «Ташриф ба Сочӣ. Ба Кремл дубора шарҳ медиҳем, ки номзади мо чӣ бартарӣ дорад» нашр шуд. Ситоди интихоботии Сооронбой Ҷеенбеков матлабро таҳқиркунанда дониста, ба додгоҳ шикоят бурд.

Даъвогар аз муаллиф ва хабаргузорӣ 5-миллион сомӣ талаб кард. Додгоҳи ноҳияи Свердловск даъворо қонеъ ва зинаҳои дигари додгоҳ аз қарори аввал ҳимоят карданд. 5 феврал Ҷеенбеков аз даъвои молӣ нисбати хабаргузорӣ даст кашид, аммо даъвояш нисбати муаллиф боқӣ монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *