Рӯзноманигорро рабуданд

Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки гурӯҳи мусаллаҳе ба манзили як зани рӯзноманигор ворид шуда ӯро рабуд.

Афраҳ ал-Қайсӣ, мунақиди фасодкориҳо дар ҳукумати Ироқ, рӯзи 26 декабр дар Бағдод рабуда шуд.

Чанд соат пеш аз ин ал-Қайсӣ матлаберо нашр намуд ва дар он хашми худро ба амалҳои бемуҷозоти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ироқ баён кард.

Нахуствазири Ироқ Ҳайдар ал- Абадӣ ба нерӯҳои амниятӣ дастурд дод, ки қазияро таҳқиқ кунанд ва барои ҳифзи ҷони Афраҳ ал-Қайсӣ аз тамоми чораҳо кор бигиранд.

Вазири дохилии Ироқ рӯзи 27 декабр гуфт, ки гурӯҳеро барои бозҷӯии қазияи хабарнигор таъсис додааст.

Ироқ барои фаъолияти журналистҳо аз хатарноктарин кишварҳо унвон шудааст.

Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи хабарнигорон (CPJ), соли 2016 Ироқро дар шохиси масуният аз муҷозот дар ҷойи дуюм гузошт. Дар тӯли 10 соли ахир бисёр қазияҳои куштори хабарнигорон дар инҷо нокушода мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *