Раҳмон Набиев Қудогӣ бо Меҳрубон Назаров, Камол Айнӣ, оғози шикаст
(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Нахустин шуда, Ғоибназар Паллаев парда аз чеҳра бардошт. Ӯ замони Котиби якуми ҳизби коммунисти вилояти Хатлон будан (1977- 1984), бо Раҳмон Набиев (1973 — 1982 Раиси Совети Вазирон) наздикӣ меҷуст. Албатта, расман робита дошт, вале он наметавонист муттакои курсӣ бошад.
Ҳарчанд хоҷагии қишлоқ таҳти назорати бевоситаи Ҷаббор Расулов қарор дошт, аммо масъулият ва ҷавобгарӣ ба дӯши раиси Совети Вазирон буд.
Ғоибназар Паллаев табиатан зирак буд ва чун ғаввоси моҳир хуб медонист, ки оромии рӯи дарё ҳанӯз маънии оромии қаъри онро надорад. Робитаи наздик бо Раҳмон Набиев кӯпруке буд барои пайвастани ӯ бо Ҷаббор Расулов. Ҷаббор Расулов, ки нафси худро кушта буд, ҳадде миёни худ ва зердастон гузошта буд. Ин ҳад аз назари Раҳмон Набиев дур афтод ва ӯ оғӯши муҳаббат ба Ғоибназар Паллаев боз кард.
Соли 1884 Раҳмон Набиев қолаби мавҷудаи низоми сиёсиро шикаста, Муҳаммадулло Холовро ба нафақа гусел кард ва ба ҷои ӯ Ғоибназар Паллаевро Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб намуд. Албатта, ин вазифа ба ном интихобӣ, аммо дар асл аз ҷониби шахси аввал, дар мувофиқа бо Маскав, таъинӣ буд. Раҳмон Набиев пеш аз пода чанг андохта, табли ғалаба навохт. Ҳарчанд кишоварз буд, бехабар аз он монд, ки ҳосили хирманро баъд аз бод кардани коҳ меҳисобанд. Дар Шарқ ҳамеша чунин буд, ки барои расидан ба ҳадаф хок бар чашм мепошанду обро лой карда моҳӣ меқапанд. Чун харашон аз об гузашт, парвои онеро надоранд, кӣ савори харашон кард. Ғоибназар Паллаев ҳаммаслакон меҷуст ва зина ба зина мавқеи худро устувор месохт. Буданд чунин ҳаммаслакон дар КМ, ки чун каждуми зери бӯрё пайти мувофиқ мепоиданд, то неш ба Раҳмон Набиев зананд. Раҳмон Набиеви масти бодаву мансаб аз пушти сар бехабар буд. Ӯро “дӯстони беғаразе” ба оғӯш гирифта буданд, ки чоҳ зери пояш меканданд. Дурусттар, худаш бо дасти худаш барояш гӯр мекофт.
Шоме, баъди анҷоми кор, Раҳмон Набиев маро ба утоқи дамгириаш даъват кард. Табиаташ гирифта, абрӯвонаш ба ҳам печида буданд. Ишора ба алморӣ (шкаф) –е кард, ки пур аз виски, коняк ва водка буданд. “Биёр”, — гуфт. Ман аллакай медонистам, ки ишора ба чӣ мекунад. Арақро гирифтам. Ҳар бегоҳ як шиша водка ва ду пирожки норма буд. Ду пиёларо паҳлуи ҳам гузоштам ва арақ рехтам. “Пур кун”,- гуфт. “Гир”, — гуфт, худаш пиёларо холӣ карду пирожкиро ба даҳон бурд. Диққат кардам, ки шиддати асабонияташ андаке паст шуд. “Бовар кардам, дӯсти худам гуфта, вазифаи баланд додам, аммо газид”- гуфт. Пурсидам: “- Кӣ?”. “ Кӣ ҳам мешуд, Паллаев, ба ҷои он ки маро дастгирӣ кунад, зидди гапи ман баромад”,- бо қаҳр илова карду даст афшонд.
Баъдтар фаҳмам, дар ҷаласа Паллаев нисбати масъалае интиқод гирифтааст. Роҳбари дурандеш танқидро таҳаммул, ҳамчун сухани табарвори дӯст қабул мекунад. Зеро танқид дари бастаро боз, роҳи торикро равшан месозад. Аммо ӯ, чун аксари роҳбарони кӯрназар, танқидро намепазируфт, аз танқид чун аз мори заҳрдор ҳазар мекард, таъриф барояш сарчашмаи илҳом буд.
Бароям то ҳанӯз равшан нест, ки чӣ умед баста буд, ки Ғоибназар Паллаев ӯро дастгирӣ мекунад. Шояд аз он ки бо Меҳрубон Назаров решапайванд шудабуд? Замони Раиси Совети Вазирон будани Раҳмон Набиев духтараш Мунаввара Набиева бо Далер Назаров — писари Меҳрубон Назаров (1965 — 1966 раиси Кумитаи давлатии кинематографистони Совети Вазирон,солҳои 1966 — 1979 вазири фарҳанг, , 1979 — 1988 ректори Институти санъат ) издивоҷ карда буд. Ин хонадоршавӣ ҳам таърихча дорад. Модари Далер Назаров мухолифи издивоҷ буд. “Духтари одами калон, карру фараш зиёд”, — мегуфт. Бисёре аз фарзандони мансабдорон, ки аз охӯри баланд ғизо хӯрдаанд, андеша надоранд, ки имрӯз шоҳу фардо мешавад, ки гадо бошанд. Мунаввара Набиева аз ин тоифа буд, аз пушти падар мефахрид, фикр намекард, ки мансаб абадӣ нест. Ҳарчанд духтари босавод, донишгоҳро дар шаҳри Маскав хатм карда буд, вале масали “мӯи дарозу ақли кӯтоҳ” ба ӯ ҳам тааллуқ дошт. Аз сояи худ дурро дидан наметавонист. Ин тоифа замоне пой аз риқоб мегиранд, ки асп аллакай дар дами ҷонканист. Мунаввара ва Далер тахминан ҳафт — ҳашт сол бо ҳам зиндагӣ доштанд, баъд ҷудо шуданд. Аз ин хонадорӣ онҳо соҳиби писар шуданд. Агар хато накунам, номаш Даврон.
Гӯшам садо дод, ки Мунаввара дубора ба писари кадом як раис аз ноҳияи Шаҳритус ба шавҳар баромад. Домод, ҳарчанд корманди КГБ буд, аммо ноуҳдабаро, сатҳи донишу фаҳмишаш аз Мунаввара паст ва кундфаҳм буд. Намедонам ҳоло зиндагӣ доранд ё не. Аз вай ҳам Мунаввара як фарзанд дошт.
Замоне ки дигарон чоҳ меканданд, ба он афтодани Раҳмон Набиевро зиндагии оилавиаш наздиктар месохт. Оила муттакост, оила деворест, ки инсонро аз ҳама офатҳо дар паноҳаш нигоҳ медорад. Агар сӯрохие дар он пайдо шуд, рахна дар хона ба миён меояд. Ин сӯрохӣ дар девори хонадони Раҳмон Набиев ҷой дошт. Оташдони гарми хонадон, ки сарчашмаи муҳаббат ва асоси тарбият аст, дар ин оила сард шуда буд. Ҳамсари Раҳмон Набиев — Марям Саидуллоевна, ки дар Институти хоҷагии қишлоқ кор мекард, чун аксари занон ғарраи молу шуҳрат буд. Зани бомаърифат сояи мард аст, аммо зани худобехабар аз мард ба худ соя метарошад. Лаҷоми Марям Саидуллоевна дар дасти Раҳмон Набиев набуд. Дахолат ба кору бори шавҳар мекард, кӯри худу бинои дигарон буд. Зани бофарҳангу бофаросат сарчашмаи илҳому равнақи кори мард, зани бефарҳангу бефаросат оташи ҷаҳаннам аст. Решаи майл ба шаробу рӯй ба кӯча овардани мард ҳам шояд аз набудани оташдони гарм дар хона бошад. Як манзара ҳеҷ аз пеши назарам намеравад. Раҳмон Набиев бо писари устод Садриддин Айнӣ — Камол Айнӣ девор ба девор зиндагӣ доштанд. Писари Раҳмон Набиев- Рашид ба духтари Камол Айнӣ- Лайло дил баста буд. Аз ин дилбастагӣ падарону модарон огаҳӣ доштанд. Намедонам, дар хона сари ин масъала чӣ баҳсе буд, аммо Раҳмон Набиев ба муносибати ҷавонон дахолат намекард “,- агар ҳамдигарро интихоб карда бошанд, бигзор издивоҷ кунанд”,- мегуфт. Марям Саидуллоевна баръакс, мухолифи висоли Рашиду Лайло буд, бо далелу бедалел дахолат ба рӯзгори онҳо мекард, заҳр мечаконид.
Аммо ду дилдода, хилофи иродаи Марям Саидуллоевна мехостанд ба висоли ҳамдигар расанд. Раҳмон Набиев одами дарёдил буд, зиддият нишон намедод. Сухан дар бораи издивоҷи ин ду ба гӯши Марям Саидуллоевна намефорид. Неяш не. Боре Раҳмон Набиев пеш аз як сафар ба Маскав маро наздаш хонд ва гуфт, ки дар набуданаш тӯи Рашид ва Лайлоро баргузор намоям. Шояд аз ҷанҷоли ҳамсараш рӯзи маърака андеша мекард. Гуфт, ки ба бародараш занг занам, харҷи тӯйро медиҳад. Бародараш муҳандиси соҳибтаҷриба буд, дар колхози ба номи Ӯрунхоҷаев кор мекард. Баъд аз сафари Раҳмон Набиев ба ӯ занг задам ва дастури Раҳмон Набиевро расонидам. Вай 800 рубл фиристод. Дар лаби канал, паҳлуи кӯли “Комсомол” тарабхонае буд маъмулӣ, аз ошхонаҳои имрӯза фарқ надошт. Агар ғалат накунам, “Ҳисор ” ном дошт. Рӯзи тӯйро муайян кардам, аз бозору мағоза харидорӣ намудам. Аз ёру дӯстони арӯсу домод 60 нафар даъват шуда буданд. Ҳама хурсанд буданд, ба ғайр аз Марям Саидуллоевна. Рӯзи никоҳ дар хонаи Аҳди никоҳ аз куҷое замин кафиду ҳамсари Раҳмон Набиев баромад. Борони таҳдиду алфози қабеҳ ба сари зане рехт, ки масъули никоҳ буд. Диққат кардам, ки дастони он зан меларзад, чашмонаш ғарқи об буданд. Беҳуда намегӯянд, ки як бало аз пасаш балои дигарро меорад. Меҳмононро ба тарабхонаи “Ҳисор” даъват кардем. Дастурхонҳо густурда буданд.Ҳамон дам хабар расид, ки хоҳари Камол Айнӣ– Холида азолам гузашт. Тӯй ба мотам табдил ёфт. Ҳама парешон шуданд. Албатта, оқилона мешуд, агар маъракаро анҷом дода, баъд хабари мурдаро мерасониданд. Аммо Камол Айнӣ чунин накард. Баъди 3-4 рӯзи дафни Холида Айнӣ дар хонаи Камол Айнӣ 4 кило биринҷро ош карданд. Камол Айнӣ худаш дар сари дег буд. Бо чор кило биринҷ тӯй ҷамъбаст гашт. Ду ҷавон ба ҳам васл шуданд. Дӯстон хурсанд , табъи Раҳмон Набиев ҳам болида буд. Сари Рашид ба осмон мерасид.
Рашид шарқшинос, тарҷумони забони арабӣ буд. Баъд аз чанде ӯро барои кор ба Алеппо (Сурия) фиристоданд. Намедонам чанд муддат кор кард. Дар ин миён таҳаввулоте ба миён омад, падарашро аз кор гирифтанд (тафсилот дар шумораи оянда). Дӯстоне, ки чун мӯр гирдаш ҷамъ буданд, парешон гаштанд. Бача дилшикаста шуд. Аммо чархи гардун ҳамеша гардон аст. Вақте падараш дубора ба сари қудрат омад, лошахӯрон давраш гирд омаданд. Ҳамин аст дунё. Мансабдору пулдор пештоқи хонаанд. Аҳён аст соҳибмансабе, ки хирад дораду болонишин аст. Вале бехирадони болонишин сари ҳар қадам.
Рашид муддате дар мақомоти андози ноҳияе кор кард. Рӯзе хабар ёфтам, ки дар хонаи бобоӣ худро овехтааст. Модараш ҳам дар ҳамин хона ба коми оташ афтод ва ҷон дод. Ин сарнавишт аст, ин нишебу фарози зиндагист, ин натиҷаи некиву бадиест, ки аз амали мо бармеояд. Фарҷоми зиндагии ин хонадон ҳар касро ба андеша водор месозад. Писари хурдии Раҳмон Набиев — Рустам соҳибкори номдор, ба тиҷорати сӯзишворӣ машғул буд. Ба гӯшам расид, ки тиҷораташро шикастанд. Дилшикаста шуд, ба яъсу ноумедӣ афтод, мегӯянд дар Русия аст.
Бармегардем сари матлаб то дарёбем, ки чӣ гуна парвози баланди Раҳмон Набиев бо суқути ӯ анҷом пазируфт. ..
(Давом дорад)
Тасҳеҳ:
- Маросими видоъ бо Ҷаббор Расулов дар бинои КМ ҲК баргузор гашта буд; 2. Мирзо Бобоев солҳои1973-1983 котиби КМ ҲК Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ