рақам

Рақами силсилаи нав. Тақдири 01 чӣ мешавад?  

Дар шаҳри Душанбе рақамҳои силсилаи нав ворид шудааст. Сокинони шаҳри Душанбе рақами қайди давлатии мошинҳоро метавонанд ба ҷои силсилаи “01” бо силсилаи “10” дастрас намоянд.

“Бинобар сабаби ба охир расидани ҳарфҳои аломати қайди давлатии силсилаи “01” тасмим гирифта шуд, ки силсилаи аломати қайди давлатии мошинҳо нав — “10” карда шавад”,- иттилоъ доданд аз Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе.

Силсилаи нави рақам танҳо дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, комбинатсияи ҳарфҳо дар аломати қайди давлатии силсилаи “02”, “03”, “04” ва “05” мавҷуд мебошад. Яъне, ҳоҷат ба иваз кардани силсилаи ин аломатҳо нест. Аз ин рӯ, ин тасмим танҳо дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

Инчунин, гуфта мешавад, ки рақами қайди мошинҳо, ки пештар бо силсилаи “01” дода шудааст, иваз карда намешавад. Танҳо онҳое, ки мехоҳанд рақами нав гиранд, бо силсилаи нав метавонанд рақамро дастрас кунанд. Ин тасмим аз оғози соли 2023 рӯйи даст гирифта шуд. Дар робита ба ин масъала квота ҷудо шудааст ва аҳолӣ метавонанд дар доираи он рақамҳоро бо чунин силасилаҳои нав харидорӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *