Рақиб пуштибон шуд: Муҳаммад «Порс» даъвати раҳо кардани Чоршанберо дорад

Варзишгари маъруф ва яке аз рақибони ашадии Чоршанбе Чоршанбиев Муҳаммад Ҳайбатӣ ба ҷонибдории Чоршанбе овоз баланд кард ва аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намуд, ки ӯро раҳо кунанд.

Муҳаммад Ҳайбатӣ дар наворе аз Чоршанбе Чоршанбиев ҷонибдорӣ карда, аз Тоҷикистон хост, ки ӯро бахшанду раҳо кунанд, зеро ҳарчанд иштибоҳ карда буд, вале зуд хатогии худро дарк кард ва расман пӯзиш хост.

Тибқи иттилои мавҷуда размкори шинохтаи тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев барои пойга дар нақби Лефортово рӯзи сеюми декабри соли 2021 боздошт гардида буд ва пас аз 27 рӯз ҳукм алайҳи варзишгар содир шуд ва Чоршанбиевро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Бо вориди Тоҷикистон шудан варзишкор бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллию маҳаллӣ ва даъвати оммавӣ дар ҷиҳати тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон боздошт шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *