Рақибони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2020 маълум гардиданд.

18  июн дар қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 байни ҷавонони то 19 сола ки дар қароргоҳи шаҳри Куала-Лумпур баргузор гардид рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян гардид.

Дар ин қуръакашӣ дастаи  мунтахаби то 19 солаи  Тоҷикистон   шомили гурӯҳи «D» шуда, бо дастаҳои мунтахаби  ҷавонони то 19 солаи   Қатар, Малайзия ва Яман рақобат мекунад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Маврид зикр аст, ки Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони ҷавонони то 19 сола  аз 14  то 31  октябри соли равон, дар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон доир мегардад. Хотиррасон мекунем, ки 4 дастаи беҳтарини мусобиқоти мазкур барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2021, ки баргузориаш дар  давлати Индонезия дар назар аст, роҳхат мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *