Рақобати мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Марокаш

Имрӯз, 16-уми сентябри соли 2024, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2024 дар Узбекистон нахустинбор бозӣ мекунад.

Дастаи Тоҷикистон дар нахустин бозии гурӯҳи “Е” бо қаҳрамони Африқо – тими миллии Марокаш вомехӯрад. Бозӣ дар маҷмааи варзишии Ҳумо Аренаи шаҳри Тошканд баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.

Ин бозӣ барои мунтахаби Тоҷикистон, ки барои нахустин бор дар Ҷоми ҷаҳонии футзал ширкат мекунад, як ҳодисаи муҳим хоҳад буд ва бозӣ бо тими пурқуввати Марокаш як озмоиши ҷиддӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *