Рақобати Тони ва Ҳабиб ба таъхир афтод
Ҳабиб Нурмагомедов дар саҳифаи расмии хеш аз иштирок накарданаш дар мусобиқаи навбатии муҳорибаҳои омехта бар муқобили размгари амрикоӣ Тони Фергюсон иттилоъ дод. Дидори Ҳабиб ва Фергюсон аз рақобати асосии UFC 249 маҳсуб мешуд. Сабаби иштирок накарданашро Ҳабиб қатъи парвозҳо аз Россия ба ИМА маънидод кардааст. Дар ин бора «тв Варзиш» хабар медиҳад.
«Дар хона нишаста навиштаҳои мардумро дар бораи рақобати худ мутолиа мекунам. Чунин шуд, ки бояд тамоми ҷаҳон дар карантин нишинанд ва роҳбарияти тамоми кишварҳо ва чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ ҳамаро барои дар хона нишастанд даъват месозанд. Ин ба хотири наҷоти ҷони инсонҳо мебошад. Вале барои чӣ Ҳабаб худро озод эҳсос кунаду тамрин намояд ва тамоми ҷаҳонро давр зада, барои ин рақобат ҷони худро дар хатар гузорад?
Барои ба таъхир афтодани ин рақобат ман низ мисли Шумо андӯҳгинам. Ман низ мисли Шумо нақшаҳои зиёд доштам, вале ман қудрати онро надорам, ки ин ҳамаро назорату танзим кунам. Новобаста аз он, ки дар дунё чӣ рух медиҳад, вале Ҳабиб бояд рақобати худро анҷом диҳад? Худро эҳтиёт кунед ва як лаҳза дар ҷой ман гузоред», гуфтааст Ҳабиб дар саҳифаи “Инстаграм”-и хеш.
Дар таърихи корномаи ин ду варзишгари маъруф маротибаи 5 –ум аст, ки вохӯрии онҳо лағв мешавад. Ҳабаб ва Фергюсон ҳануз соли 2015 бояд меҷангиданд, вале он вақт Ҳабиб лат бардошт ва ин рақобат доир нашуд. Соли 2016 низ онҳо бояд дар октагон рӯ ба рӯи ҳам қарор мегирифтанд, аммо он вақт Фергюсон ҷароҳати бардошт. Соли 2017 низ UFC талош кард то ин ду беҳтарин размгари худро дар як мусобиқа ба ҳам биорад, аммо бори сеюм Ҳабиб вазни худро мутобиқ карда натавонисту ин набард доир нагардид. Соли 2018 бошад, ҳарду бароид дарёфти унвони қаҳрамонӣ бояд меҷангиданд, аммо Фергюсон аз пояш ҷароҳат бардошти ин вохӯри низ доир нагардид ва варзишгари амрикоиро нафари дигар иваз кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ