Раҳбари собиқи демократҳо дар Сенати ИМА даргузашт
Собиқ сенатори демократи амрикоӣ Гарри Рид дар Иёлоти Муттаҳида вафот кард. Дар ин бора дар «Твиттер» раҳбари ҷамъияти демократҳо дар палатаи болоии Конгресси Амрико Чак Шумер хабар дод.
Ӯ қайд кард, ки сиёсатмадор барои ӯ пешво, омӯзгор ва яке аз дӯстони азизаш буд. «Вай ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекард, ки аз куҷо омада буд ва малакаҳои ҷангии худро барои мубориза бо мавзуҳое, ки ба камбизоатон ва синфи миёна зарар мерасонданд, истифода мебурд»,- гуфт ӯ.
Гарри Рид дар синни 83-солагӣ вафот кард. Ӯ аз соли 2004 то соли 2017 демократҳоро дар палатаи болоии парлумони Амрико раҳбарӣ мекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ