Раҳбари Толибон: Омодаем бо Амрико биҷангем!

Раҳбари толибон ахиран дар нишасти Қандаҳор гуфт, ки иморати исломӣ омода аст, то бар асоси шариати исломӣ дубора бо Амрико биҷангад.

Ҳибатуллоҳ Охундзода, ки барои дуввумин нишасти Қандаҳор ҳузур ёфт, зимни суханрониаш таъкид кард, ки ҳадафи ҷиҳод иҷрои ин аҳкоми исломӣ буд, аз ин рӯ, “ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳудуди илоҳӣ намегузарем”.

Раҳбари ҳукумати муваққати толибон изҳор кард, ки ҷаҳонён ба хотири таъомул ва машруъияти байналмилалӣ ва ба номи ҳуқуқи башар мехоҳанд ҳудуди исломӣ иҷро нашавад, “аммо дар ҳар сурат мо ин ҳудудро иҷро мекунем”.

“Ман хоҳони чунин машруъият ва таомулоте нестам, ки шариати исломиро надошта бошад ва иҷро нашудани ҳудудро дар таъомул бо дунё намепазираму дубора бо онҳо меҷангам”,- гуфт ӯ.

Вай гуфт, ки Амрико барои ҳокимияти демократӣ дар ҷаҳон талош мекунад, аммо дар Афғонистон ҷое барои он вуҷуд надорад.

Раҳбари ҳукумати муваққати толибон афзуд, ки “агар бархилофи шаръи ислом таъомул кунем, ҳамаи мардум бояд роҳи худро ҷудо кунанд, зеро ҳадафи ҷиҳод иҷрои ин аҳкоми исломӣ буд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *