Раҳимзода бо кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ кард
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмасури шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни боздид вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии шуъбаи мазкур вохӯрии судманд доир намуда, зикр кард, ки ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинони пойтахт, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ фаъолиятро пурзӯр намоянд.
Пас аз суҳбат бо кормандони ин ниҳод вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматбарӣ, утоқҳои корӣ ва қабулгоҳи «филтратсионӣ», ки барои дастрас ва нигоҳдории вайронкунандагони тартибот нигаронида шудааст, дидан намуда, ба корҳои таъмиргариву сохтмонӣ баҳои арзанда додааст.
— Қобили зикр аст, ки утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ ва деворҳои гирду атрофи бинои ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмасур аз таъмири пурра бароварда шуда, бо дарахтон ва гулҳои мавсимӣ оро дода шудаанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ