Раҳимзода ва Ятимов дубора дар мақоми худ таъин шуданд

Саймумин Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Шералӣ Мирзо ва Муҳаммадюсуф Имомзода дубора дар мақоми худ таъин шуданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саймумин  Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа  ва Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дигарбора дар вазифаҳои худ таъйин шуданд.

Инчунин, Амонулло Салимзода аз вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистон озод гардида, муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардидааст. Сулаймон Зиёзода, ки то ин вақт раиси ноҳияи Деваштич буд, ба ҷои Салимзода вазири кишоварзӣ таъин шуд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Шералӣ Кабиров, директори Ширкати «Талко» вазири саноат ва технологияи нав таъин шуда, дар ин вазифа Заробиддин Файзуллозодаро иваз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *