Раҳматулло Зойиров аз каронавирус шифо ёфт
Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 14 май дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки баъди чанд рӯзи бемории сахт аҳволаш беҳтар шудааст.
Тавре худи Зоиров дар саҳифааш менависад :
“Вазнину вазнин буд! Шукри худованд, зиндаам!
Ассалому алайкум,
бародарони азиз!
Рӯзи 5.05.с. 2020 саросема шудаам, ки «кризис гузашт» — гуфта. Хамин
рӯз давраи дуюму сеюм оғоз шуд. Ба рӯзи 9.05. аз ҷогаҳ хеста натавонистам.
Саҳар бо зӯрӣ дустонро табрик намудаму ғалтидам. температура аз 40 — гузашт.
Рӯзи 13.05. ба худ омадаам.
Имрӯз нафас кашидам!”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ