Раҳмон Набиев: Шавла дандонро шикаст!
(Аввали матлаб дар
шумораҳои № 6,7,8,9-и ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба нашр расидааст)
Соли 1985 ҷашни 60-солагии вилояти Бадахшон мебоист баргузор гардад. Ба истиқболи он дар Хоруғ омодагӣ мегирифтанд. Бо ибтикори котиби якуми ҲК ВАБК Муҳиддин Зоиров дар шаҳри Хоруғ бозори боҳашамате қомат рост кард. Шояд имрӯз боҳашамат нест, аммо он замон як маркази бузурги тиҷоратӣ буд. Одамон тӯда — тӯда дар хиёбони марказии Хоруғ, ки рӯ ба рӯи бозор қарор дошт, ҷамъ меомаданд, изҳори норозигӣ мекарданд, ки мардуми диёри домани Боми ҷаҳон аз тиҷорат дуранд, сохтани бозор хароҷоти беҳудаест, касе дар он савдо намекунад. Онҳо баҳскунон қисмашон хона ба хона парешон мегаштанд, қисми дигарашон, хусусан ҷавонон, ба боғи фароғатии пушти Театри мазҳакавӣ ва драмавии шаҳри Хоруғ, ки чун кӯчаи марказӣ дар ин шаҳр ягона буд, ҷамъ меомаданд ва зери садои ба ҳам хӯрдани шишаҳою қадаҳҳо баҳсро идома медоданд. Муҳиддин Зоиров, ки зодаи водии мағз андар мағзаш тиҷорати Фарғона (Исфара) буд, ба дурустии амалаш бовар дошт ва мегуфт, ки мардум одат мекунанд ва шояд рӯзе расад, ки ташаккур ҳам гӯянд. Соати ифтитоҳи бозор ҳам фаро расид. Бозор ва атрофи он аз анбуҳи одамон мекафид. Онҳо харидорон ва фурӯшандагон не, ҳама тамошобинон буданд. Фурӯшанда ҳамагӣ як марди миёнсол аз дараи Ғунд буд, ки дар кунҷи бозор чукак нишаста, мехост себ фурӯшад. Харидорон, дурусташ тамошобинон, ки аслан сокинони Хоруғ буданд, бо ӯ чашмаки ман, чашмаки ту доштанд. Ҳеҷ бандае ба ӯ наздик наомад ва напурсид, ки қимати себат чанд аст. Ӯ себҳоро ба халта ва халтаро ба китф андохту солор — солор бозорро, ки зоҳиран бозори мағзу чағзи “Шоҳмансур”- ро ба хотир меовард, тарк кард. Садои хандаи сокинони Хоруғ, ки тамасхурангез буд, то ба хона расидани он ғундӣ, дар деҳааш танин андохт. Боз баҳс, боз садои ба ҳам хӯрдани қадаҳҳо ва нидои “- Гуфта будем, ки хароҷоти беҳуда, ин роҳбарон куҷо сарф кардани пулро намедонанд!”
Сухани Муҳиддин Зоиров пайғамбарона баромад. Дере нагузашта, дар бозор ҷои сӯзан задан намонд. Солҳое буданд, ки бозор мардуми Хоруғро аз гуруснагӣ наҷот дод. Ҳоло он шояд серодамтарин макон дар вилоят бошад.
Боз шудани бозор оғози ҷашни 60- солагӣ буд. Вилоят ба пешвози меҳмонони воломақом омодагӣ мегирифт. Ба ҳусни хиёбони марказӣ ва ягонаи шаҳри Хоруғ овезаҳо ва сафедорони сарсабзи ду тарафи роҳ ҳусн мебахшиданд. Ғулғулаи рӯди саршӯхи Шохдараро дарёи Ғунд ба коми худ фурӯ бурда, ором ва чун ду тани ба ҳам фурӯрафта аз Хоруғ берун, ҷониби Панҷи ноором раҳсипор месохт. Насими форами домани кӯҳҳои сар ба осмон мӯйҳои гулдухтарони шуғнии сайри кӯча ихтиёркардаро алвонҷ дода, ба рӯи синаҳо мерехт. Аҷаб ҳаловате дошт ҳавои Хоруғ дар гармии тамузи тобистон. Садои баланди тайёраи ЯК — 40, ки аз даҳлези Рӯшон сипарӣ шуда, ба майдони ҳавоии домани Паршнёв фуруд меовард, мардуми маркази вилоятро ба кӯча андохта буд.
Роҳбарони вилоят баробари фуруд омадани тайёра, назди дари баромади он аз тарафи рост саф оростанд. Меҳмонон як — як аз зинапояҳо фуруд омаданд: Раҳмон Набиев — Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон, Белов Юрий Павлович — котиби дуюм, … Миёни онҳо Ғоибназар Паллаев ҳузур надошт. Он замон анъана буд, ки раисони Шӯрои Олии кишварҳои бародар соле 15 рӯз дар Президиуми Шӯрои Олии СССР навбатдорӣ мекарданд. Рӯзҳои навбатдории Ғоибназар Паллаев ба ҷашни 60- солагии ВАБХ мувофиқ афтода буд.
Қатори мошинҳо сӯи марказ, ҷониби бинои ҳизби вилоят шитофтанд. Пас аз музокироти кӯтоҳ меҳмононро дар меҳмонхонаи ягонаи ҳукуматӣ, ки поёнтари бинои ҳизб, дар лаби дарёи Ғунд қарор дошт, ҷой карданд. Онро ба душворӣ метавон меҳмонхона номид: ду бинои пахшаки якошёна, ки дар соҳили дарё, миёни дарахтон қомат афрохта буданд. Утоқҳо хурду пахшак, ҳаҷмашон 15-20 метри мураббаъро ташкил медод. Раҳмон Набиев бо Котиби дуюм Белов Юрий Павлович, ҳамроҳон ду рӯз аз иншооти муҳими вилоят, аз ҷумла НБО “Помир — 1” ва “Помир — 2” дидан карданд, бо мардум суҳбат оростанд. Дар сафарҳо Меҳрубон Назаров (қудои Раҳмон Набиев) ӯро ҳамраҳӣ мекард.
Рӯзи дигар бояд бахшида ба 60- солагии ВАБК ҷаласа баргузор мегашт. Нимаи дуюми рӯз хабар расид, ки раиси КГБ Петкел Владимир Викторович ба Хоруғ меояд. Раҳмон Набиев сардори Раёсати амнияти вилоят Тағоймурод Маҳмадмуродовро, ки бо ӯ муносибати хуб дошт, наздаш хонд ва пурсид: «-Чаро раисатон меояд?». Ӯ бозу ба ҳам кашид ва гуфт, ки ба ӯ чизе нагуфтааст, сабаби омаданашро намедонад. Маҳмадмуродов Петкелро пешвоз гирифт ва баъд аз соате занг зад, ки Петкел мехоҳад бо Раҳмон Набиев вохӯрад. Раҳмон Набиев бо Меҳрубон Назаров сари маърӯза нишаста буд ва қабули ӯро ба бегоҳ гузошт. Бегоҳ ҳукумати вилоят дар ошхонаи қароргоҳ барои меҳмонон зиёфат орост. Дастархон хоксорона буд. Раҳмон Набиев, Белов Юрий Павлович, Петкел Владимир Викторович, Муҳиддин Зоиров, сардори отряди Хоруғ Милютин, Раиси комиҷроияи вилоят Муминшо Абдулвосиев, Худоёр Юсуфбеков,… сари дастархон нишастанд. Аз дур чеҳра ва ҳаракати ҳар кадоме аз ҳозиронро назорат мекардам. Раҳмон Набиев аз ҷой хест, қадаҳ ба даст гирифт ва ба ифтихори сарзамин ва мардуми Бадахшон онро ба лаб бурд. Баробари қадаҳ чашмони ман ҳам боло рафтанд. Шаробро то охир нанӯшид. Ман дами сабук кашидам. Ба қадаҳи Белов ва Петкел назар кардам. Онҳо холӣ буданд. Чашмони танги Муҳиддин Зоиров нишастагонро назора мекарданд. Фурсати зиёде нагузашта, Раҳмон Набиев аз ҷой хест, узр хост, ки фардо баромад дорад, бояд омодагӣ гирад. Аз паси ӯ Меҳрубон Назаров ҳам хест. Онҳо лаби дарё фаромаданд. Раҳмон Набиев нороҳат буд, оруқтуршӣ (изжога) азият медод. Меҳрубон Назаров нафареро даъват кард ва дастур дод, ки хӯроки помирӣ биёрад. Онҳо лаби дарё дер нишастанд ва суҳбат оростанд. Ғизоро оварданд, он шабоҳат ба ширбиринҷ дошт. Раҳмон Набиев ду- се қошуқ хӯрд ва пиёлаи чойро фурӯ бурда, аз ҷой хест ва ҷониби утоқи хобаш равон шуд.
Дар ошхона тафси суҳбат буд. Белов Ю.П. инсони хуб, меҳрубон буд. Аммо нӯшиданро дӯст медошт. Дар Душанбе аз ин имконият маҳрум буд, ҳамсараш садди роҳаш мешуд, назорат мекард. Аммо дар Хоруғ, ки лаҷоми аспаш дар дасти худаш буд, майдонро холӣ ёфта, онро сар дод. Нишасти сари дастархон як воситаи робитаи дӯстӣ барқарор кардан буд. Петкел В.В. як сол қабл раиси КГБ-и Тоҷикистон, баъдтар Белов Ю.П. котиби 2-юм таъин гашт. Маълум буд, ки аз фурсат истифода бурда, Владимир Викторович мехост бо Юрий Павлович робитаи наздик барқарор кунад. Ҳанӯз аз котиби дуюм таъин шудани Юрий Павлович як сол сипарӣ нашуда буд. Барои дӯсту наздиктар шудан Владимир Викторович сар ба сар монда, бо ӯ қадаҳ боло мекарданд.
Домани базм то ҳаммом расид. Сардори отряди Хоруғ Милютин меҳмононро ба ҳаммом даъват кард. Маълум буд, ки ҳаммомро пешакӣ тайёр карда буданд. Қадаҳ болои қадаҳ мебардоштанд. Суханронии Белов Ю.П. ба лабҷунбонӣ мубаддал шуд, Петкел В.В. дасташро бурид. Ба ӯ кормандони амният ёрии таъҷилӣ расониданд. Дар тасвири айшу нӯши элитаи ҳизбӣ қалам оҷизӣ мекашад.
Субҳи дигар барвақт сари дастархон гирд омадем. Юрий Павлович ҳузур надошт. Раҳмон Набиев пурсид, ки куҷост ӯ. Муҳиддин Зоиров гуфт, ки ҳанӯз хоб аст. Маро ба дунболаш фиристоданд. Манзараеро дидам, ки шояд хуб мебуд, агар намерафтаму намедидам. Белов Ю.П. рӯйи кат, сараш овезон мехобид, аз даҳонаш кафк мерехт. Маро дида, бо даст ишора ба бутали коняк кард. Сад грамм коняк рехтаму ҷонибаш дароз кардам. Онро нӯшиду дубора сар ба болин гузошт. Кӯшиши бедор кардан бенатиҷа буд. Аз кулӯх садо меомаду аз ӯ не. Ба ошхона баргаштам. Вазъиятро ба Раҳмон Набиев шарҳ додам.
Ӯ пурсид, ки магар имкони ба худ овардани ӯ нест? «- Ғайриимкон аст» ,- гуфтам дар ҷавоб.
Раҳмон Набиев абрӯ ба ҳам кашиду аз ҷой хест. Дигарон низ аз ҷой хестанд ва аз паси Раҳмон Набиев равон шуданд. То Кумитаи ҳизбии вилоят масофа он қадар дур набуд. Ӯ пиёда ҷониби маҷлисгоҳ равон шуд. Ҷаласа соати 9:00 оғоз гашт. Аъзои президиум ба минбар баромаданд. Дар байн Раҳмон Набиев, аз китфи рост Муҳиддин Зоиров, котиби аввали ҳизби вилоят нишаста буд. Курсии китфи чап ҷои Котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон Белов Ю.П. холӣ буд. Петкел дар толор, аз гӯшаи қатори аввал менишаст. Ҷаласаро Муҳиддин Зоиров оғоз кард ва барои маърӯза кардан суханро ба Раҳмон Набиев дод. Маърӯза ба анҷом расид. Як вақт назар кардам, ки Петкел дар толор нест. Шояд ҳолаташ бад шуд ё мақсади дигаре дошт, ки ба Раёсати амнияти вилоят рафта буд.
Ҷаласаи 60- солагӣ ба хубӣ анҷом пазируфт. Меҳмонон ба ҷойи муқарраршуда баргаштанд. Тахминан, соати 3- и рӯз сари дастархони чошт нишастем. Белов Ю.П. ба худ омада буд. Ба ифтихори ҷашн ҳама қадаҳ боло карданд. Нишасти гирди дастархон тӯлонӣ набуд. Раҳмон Набиев ҳам нӯшид. Хавотир шудам. Бегоҳ дар варзишгоҳ намоиши театрикунонидашуда дар назар буд ва дар он Раҳмон Набиев бояд суханронӣ мекард. Аммо ӯ гуфт, ки ба намоиш намеравад. Чунин ҳам кард. Ин хатои дағал аз ҷониби ӯ буд.
Рӯзи дигар садои занги телефон аз Душанбе ҳамаро нороҳат кард. Ҳамсари Белов бо изтироб ҳарф мезад: «- Юрий Павлович куҷост, бо ӯ чӣ кардед?» — аввалин саволе, ки аз забони ӯ садо дод. «- Тинҷӣ » — гуфтем дар ҷавоб. «- Чаро дар ҷаласа набуд?». Ӯро ором кардем. Аз ҳоли шавҳар пурсидани ӯ саволи маъмулӣ буд, аммо вақте ки аз иштирок дар ҷаласа савол кард, бӯи сиёсат меомад. Ҳамсари Юрий Павлович хонашин, ворид ба сиёсат набуд, шояд касе ба ӯ машварат медод.
Ҳолати кор баъдтар бароям рӯшан гардид. Он субҳ акси президиуми маҷлиси 60- солагӣ дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ» чоп шуд. Курсии Белов Юрий Павлович, ки аз тарафи чапи Котиби якум қарор дошт, холӣ буд. Шояд ба он хотир касеро нашинонида буданд, ки ҳар лаҳза ӯ метавонист пайдо шавад. Идеологи зирак метавонист маърӯзаро бе акс чоп кунад. Ва ба ин далел ҳам метавонист пайдо намояд. Зеро он замон аксҳо дар лаборатория омода ва баъд ба клише (қолаби махсус) гирифта мешуд, ки он вақти зиёд мегирифт. Аммо чунин амал бар манфиати мухолифони Раҳмон Набиев набуд. Ҳамсари Юрий Павлович ба таҳлука меафтад ва ба Котиби КМ Гулҷаҳон Бобосодиқова ва сармуҳаррири «Тоҷикистони советӣ» занг мезанад. Чӣ суҳбате миёни онҳо сурат мегирад, мисли шаби зулмот торик аст. Вале баъди ин ҳодиса фаъолияти гурӯҳи зидди Раҳмон Набиев ҷоннок мегардад. Гурӯҳ қаблан зери парда фаъолият мебурд. Эҳтимолияти аз Маскав идора шудани он аз воқеият дур набуд. Зеро ба кадрҳои маҳаллӣ рӯй овардан, аз қабули кадрҳои аз Москва фиристодашуда саркашӣ кардан, дар Душанбе даст ба бунёди иншоотҳои нав задан, дар ноҳияҳои Ленину Ҳисор кам кардани замини пахта ва аз ин ҳисоб зиёд намудани обчакорӣ аз ҷониби Раҳмон Набиев боиси нороҳатии Маскав гашта буд. Мухолифони Раҳмон Набиев — Гулҷаҳон Бобосодиқова, Ғоибназар Паллаев, сардори шуъбаи ташкилии КМ Дедов Иван Фёдрович, раиси КГБ Петкел Владимир Викторович буданд. Яқин буд, ки даста аз Маскав идора мешуд ва ҳадафи он бо дасти кадрҳои маҳаллӣ барканор кардани Раҳмон Набиев , зери парчами интернатсионализм пахш кардани ифтихороти миллӣ буд. Дар акси ҳол, чӣ гуна бо як шаробнӯшӣ, ки он дар Русия як маъракаи маъмулӣ буду ҳаст, метавон аз пашша фил сохт. Гапи хона ба кӯча мебарояд. Ба Котиби КМ ПК Иттифоқи Советӣ, раиси Комиссияи тафтишот Капитонов Иван Василевич хабар мерасад, ки Раҳмон Набиев масти шароб дар ҷаласаи 60- солагии ВАБК суханронӣ кард. Кӣ ин хабарро фавран ба Москва фиристод, ҳанӯз муаммост. Кӯшишҳои ба сари ҳамсари Юрий Павлович бор кардани он ҷой доранд. Вале ба се далел он ғайримантиқист. Аввал, ҳамсари Белов дур аз майдони сиёсат буд. Дуюм, ӯ манфиатдор ба он набуд, ки овозаи бадмастии ҳамсараш дар Бадахшон то Москва расад. Сеюм, чӣ гуна як зани бемансаб метавонист дастрасӣ ба Котиби КМ ПК Иттифоқи Советӣ дошта бошад? Маълум, ки хабаркашӣ кори ӯ набуд.
Дар ин қазия зери коса нимкосаест. Қазоват дар бораи сиёсати дирӯз кори имрӯз аст. Чунончӣ, дар бораи имрӯз кори фардост. Мевае, ки мо ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ чашидем, ғизо аз решаи дарахти солҳои 70-80-90 -и асри бист мехӯрад. Дар он солҳо масъулини Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳақиқатро аз назари Москва зери домон пинҳон карданд. Аммо баъдтар, чун доман дарид, ҳақиқат аз зери он чун офтоб рӯй зад. Тухмҳое, ки бадхоҳони СССР, баъдтар тахрибкорони Тоҷикистон дар он тарафи соҳили дарёи Панҷ кишта буданд, чун маразпечак ба соҳили дигари дарё гузашта, ба мағзҳо печид. Пинҳон кардани ифротгаройӣ, чашм пӯшидан аз таъсиси ҳизбҳои мазҳабӣ ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Баъдтар, 20 январи соли 1990 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» мақолаи таҳлилии фарде бо номи Сунатулло Иброҳимзода ба нашр мерасад. Муаллиф, нӯш бар ҷонаш, амиқ, олимона вазъияти дар он давра бамиёномадаро таҳлил карда, менависад:
«Ба идеологҳои Ҳизби коммунист, ки нигарони дастуруламал ва қарори нави КМ ҲКИШ оид ба иделогия ҳастанд, ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки аз коғазҳо сар бардошта, ба дунё, ба чашми мардум як нигоҳ кунанд ва дар ин бесарусомониҳо ба ӯ роҳ нишон диҳанд, дасти ӯро бигиранд… Хавфи зиндагии асримиёнагӣ ва бори дигар ҳаракат ба зулмоти тайшуда ба тамоми аҳли ҷамъият, кишоварзу ранҷбар, шогирди мактабу донишҷӯ, омӯзгору пизишк, аъзои ҳар гуна ҳизбу ғайриҳизб, ташкилоти расмиву ғайрирасмӣ, эҷодкору коргари органи муҳофизати ҳуқуқ якхела таҳдид мекунад…».(Суннатулло Иброҳимзода,«Тоҷикистони советӣ», №264 (18.235) аз 20 ноябри соли 1990).
Бодаи дар Хоруғ хӯрда чанги кӯчаҳои Москваро мехезонад, дандонҳои тезро нисбати Раҳмон Набиев тезтар месозад. Шояд масъулини идеология манфиатдор ба он буданд, ки зери чанги хеста навоқиси корашон пинҳон монад? Қазияи шаробнӯшӣ барои амалӣ сохтани ҳадафҳои зикршуда василае буд. Гурӯҳ табли хурсандӣ мезанад. Навоқиси соҳаи идеология зери домони ҳанӯз нодарида пинҳон мемонад. Гӯрковони Раҳмон Набиев гӯркани дигареро бо номи Магилников (инспектори КМ ПК Иттифоқи Советӣ, сарпарасти ҲК Тоҷикистон) ба Душанбе меоранд. Бо кӣ суҳбат кардани ӯ маълум аст, аммо чӣ гуфтани ҳамсуҳбатон асрори зери парда аст. Гумон мекунам, он ҳама дар бойгонии Ҳизби коммунисти Иттифоқи Советӣ маҳфуз аст. Шояд замоне гӯркани дигаре пайдо мешавад, ки он ҳамаро аз бойгонӣ берун мекашад.
Магилников як ҳафта дар Хоруғ ва Душанбе нисбати Раҳмон Набиев тадқиқот мебарад. Баъди бозгашти ӯ ба Москва сарнавишти Раҳмон Набиев ҳал мегардад. Бо Қарори Пленуми КМ ПК Тоҷикистон 14 декабри соли 1985 Раҳмон Набиевро аз вазифаи Котиби КМ ПК Тоҷикистон озод мекунанд. Раҳмон Набиев дар беморхонаи ҳукуматӣ бистарӣ буд. Баробари шунидани ин хабар абрӯ ба ҳам кашиду гуфт: «Шавла дандонро шикаст!»
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ