Раҳмонзода: Президент дар Олмон не, дар кор ва ба фикри мардум аст

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти ҶТ зимни як изҳороти хеш хабар медиҳад, ки Президенти кишвар дар шаҳри Душанбе, дар ҷойи кор қарор дорад ва “дар фикри беҳдошти вазъият ҳастанд”. Ин посухи Раҳмонзода ба мухолифони Ҳукумат аст, ки навишта буданд, ки гӯё Эмомалӣ Раҳмон баъди хуруҷи короновирус Душанберо тарк карда, дар Данғара аст. Илова бар ин Шарофиддин Гадоев хабар дод, ки Пешвои миллатро ба Олмон барои табобат бурдаанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар изҳороти хеш ин овозаҳоро рад карда, менависад, ки “Пешвои миллат дар ин рӯзҳои душвор дар ҷои кор ва дар фикри беҳдошти вазъият ҳастанд”

АМИТ «Ховар» барои посух додан ба ин “дурӯғи шохдор” ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА муроҷиат намудаст, ки посухашро пешкаши шумо мегардонем.

— Ин хабаре, ки аз ҷониби бадхоҳони миллат, амсоли Шарофиддин Гадоев, дар Фейсбук, Ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шудааст, ҳеҷ асосе надорад, — иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода. — Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои душвор дар ҷои кор ва дар фикри беҳдошти вазъи баамаломада ҳастанд ва касоне, ки ҳамроҳашон кор мекунанд, аъзои Ҳукумати мамлакат, шаҳрвандони кишвар инро мебинанду медонанд.

Дар зимни ин каззоб ин нотавононбинон ҳатто ширкати Ҷаноби Олиро дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 апрел зери суол бурдаанд, вале ҳамаи аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабарнигорону наворбардорон, ки шоҳиди бевоситаи иштироки Пешвои миллат дар ин ҷаласа буданд, акнун бори дигар фаҳмиданд, ки Шарофиддин Гадоев, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони онҳо чӣ касоне ҳастанд.
Сарвари давлати мо ҳатто дар рӯзҳои аз ин ҳам душвортару сангинтар, чи дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва чи баъди он, дафтари кории худро тарк накарда ва ҳамроҳи мардуми худ буданд, ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба нуқтаҳои доғу ноамн рафтаанд, то ки Тоҷикистонро аз гирдоби балоҳо берун кашанд ва мардуми шарифи кишвари худро ба рӯзи неку осуда расонанд.
Дурӯғу каззоби ин мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон аз «муқтазои табиаташон», аз ночорӣ ва мағлубияташон дарак медиҳад, зеро, тавре Асадии Тӯсӣ фармудааст: «Дурӯғ гуфтан зи бечорагист».
Ҳамзамон бояд рӯшанӣ андозем, ки ҳавопоймои Gulfstream G-III-и ширкати Phoenix Air, ки Гадоев ва ҳамравонаш аз он ном бурда ва аз парвози он ба Душанбе дар ҳоли қатъи парвози ҳавопаймоҳо изҳори тааҷҷуб намудаанд, бо иҷозати Ҳукумати мамлакати мо шаби 3 май кумакҳои башардӯстонаи хайрхоҳони миллатамонро аз Олмон ба Тоҷикистон овард.
Дар ин рӯзҳои барои аҳолии кишварамон душвор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯз чанд маротиба бо роҳбарияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус вомехӯранд, аз онҳо маълумотҳои фаврӣ мегиранд ва дар асоси онҳо тасмимҳо мегиранд. Сарвари давлат ҳамарӯза аз дафтари кориашон тавассути телефон бо роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбат мекунанд, аз саломатии мардум дар маҳалҳо пурсон мешаванд, ҷиҳати андешидани тадбирҳои пешгирии ин вабои аср ва ҳамзамон вусъат додани корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо медиҳанд.
Ман аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват мекунам, ки дар ин рӯзҳо ҳама дар атрофи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат бояд муттаҳид гардем, то ки ҳама якҷоя, бо кӯмаку ҳамдастӣ ва ҳамоҳангиву муттафиқӣ кишварамон ва мардуми азизамонро аз ин гирдоби бало берун бикашем.
*Дурӯғи шохдор – дурӯғест, ки аз чаҳор ҷониб «шохҳояш» намудор аст ва дурӯғгӯйро мулзам ва шарманда мегардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *