Раҳмонзода: Сабабҳои нафрат пайдо карданро аз роҳбарияти Қирғизистон бояд пурсид!
Сафорати Ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳамаи сокинони зарардидаи ноҳияҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иллати муноқишаҳои марзиву сарҳадӣ талафоти моддӣ ва ҷонӣ дидаанд, инчунин, ба падару модароне, ки фарзандонашонро ба хотири ҳифзу ҳимояти Ватани маҳбуб аз даст додаанд, ба кӯдакони бегуноҳ, ки қурбони ҷанги беадолатона шудаанд ва шаҳрвандони осоишта, ки хонаву дар ва маконҳои зисташон сӯхтаву нобуд гардидаанд, ҳамдардии амиқ изҳор менамояд.
Тоҷикон дар тӯли таърих ҳеҷ гоҳ ба муқобили қавму миллате ҷанг накардаанд, хуни ноҳақ нарехтаанд ва лашкаркашу ҷангҷӯ набуданд. Ин хислатҳои ҳамидаи халқи тоҷик дар бисёре аз сарчашмаҳо ва таърихномаҳо таъкид шудаанд. Тоҷикон ҳамзамон аз бостон мардуми китобдор ва бо илму ирфон буданд ва ин анъанаи некро то имрӯз идома медиҳанд.
Дар нахустин осори хаттии ин мардум хислатҳои неки одамӣ тарғиб шуда, тафаккури онҳо бо арзишҳои баланди инсонӣ, аз қабили таҳаммулгароӣ ва сулҳпарварӣ ташаккул ёфтааст. Ин халқи меросдор ва китобдор ҳанӯз дар “Авасто” сифатҳои баланди одамиро ситоиш карда, се маниши маънавӣ — “гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек”-ро ба ояндагони худ ба мерос гузоштаанд, ки он то ба имрӯз қимати худро гум накардааст. Дар Баёнияи Куруши Кабир низ арзишҳои инсондӯстона таъкид шуда, бо намояндагони дину мазҳабҳои мухталиф ва қавмҳои гуногун дар шароити сулҳу субот зиндагӣ кардан тавсия гардидааст. Ин пиндору рафтори башардӯстона то зуҳури ислом идома ёфта, аз он пас, сифатҳои боз ҳам неку писандида касб кардааст. Мардуми мусулмони тоҷик дар доираи оятҳои Қуръонӣ, фиқҳи исломӣ ва ҳадисҳои Расули акарам (с) некиву накӯкориро идома дода, хислати сулҳофаринӣ ва башардӯстонаи хешро таҳким бахшидаанд ва бо ҳамсоягони худ дӯстӣ намуда, ба онҳо дину мазҳаб омӯзонидаанд. Дар баробари ин хайру саховат, одаму одамгарӣ ва дӯстиву бародариро дар миёни қавму қабилаҳои хурду бузург тарғиб кардаанд. Бо ин роҳ, фарзандони донишманди тоҷик инсонгароиро ситоиш карда, одамонро ба осоиштагиву сулҳдӯстӣ даъват намудаанд ва дар ҳамзистӣ зистанро шиори пайравони худ қарор додаанд. Махсусан, устоди адабпарвар Абӯабдулло Рӯдакӣ, шоири ватандӯст Абудқосим Фирдавсӣ дӯстиву бародарӣ, сулҳу субот, нангу номуси меҳанпарастиро васф карда, башариятро ба ин роҳи нек ҳидоят кардаанд. Дар “Шоҳнома“-и худ Фирдавсии бузург нангу номуси ватандорӣ, ҳифзу ҳимояи Ватан, барои муҳофизати он ҷоннисорӣ кардани фарзандони эронитабор, аз ҷумла тоҷиконро бо ҳунари воло васф карда, ҷангу ҷидолро маҳкум намудааст. Вай борҳо шоҳони Эрону Туронро ба хирадмандӣ даъват карда, сарчашмаи ҳамзистии мардумро дар сулҳу субот дидааст.
Дар идомаи андешаҳои ватандӯстонаи Фирдавсии хирадпарвар Ҷалолиддини Балхӣ оид ба ҳақу ҳуқуқи ҳамсоягӣ сухан гуфта, пандҳои ҷолиб ва ҳикояҳои ибратомӯзро дар “Маснавии маънавӣ” ҷой дода, дар байте ишора мекунад, ки “Мо барои васл кардан омадем, На барои фасл кардан омадем”. Ин таъкиди ҳакимонаи пири адибону орифони тоҷикиву форсӣ башариятро ҳушдор месозад, ки тоҷикон аз азал амали зишти душманони хешро таҳаммул мекарданд ва сулҳу осоиштагиро асоси хушбахтии одамон мепиндоштанд.
Ҳамсояи қирғизи мо, ки аҳли адабу фарҳангашон аз ин боғи маърифат баҳра гирифтаву ба камол расидаанд, бояд чунин кирдори зиштро ба ҳамсоягони худ раво намедиданд ва бо мақсади эҳтиром гузоштан ба ҳамсояи наздик тариқи воситаҳои ахбори омма ҳар гуна суханҳои зиштро нисбат ба халқи тоҷик пахш намекарданд. Ҳатто бузургтарин адиби қирғиз, Ч. Айтматов ба адабиёти тоҷик баҳои баланд дода, таъсири осори адибони тоҷикро ба эҷодиёташ махсус таъкид намудааст. Пас, роҳбарони вақти Қирғизистонро зарур буд, ки ақаллан ба таъкидҳои намояндагони илму адаби худ гӯш медоданд ва пеш аз ин амалҳо каме таҳаммул мекарданд. То ду даҳсола пеш ду халқ дар ҳамзистӣ умр ба сар бурда, ба ҳамдигар кумак мекарданд, аз бозорҳои ҳамдигар истифода менамуданд, роҳҳоро муштарак таъмир мекарданд, чорабиниҳои фарҳангӣ мегузарониданд ва барои таҳкими дӯстиву ҳамсоягӣ талош менамуданд. Пас, чаро имрӯз аз ҳамдигар душмани ашаддӣ тарошида, бо ҳам ҷанг мекунанд ва бо роҳи дипломатӣ масъалаҳои марзиву сарҳадиро ҳал кардан намехоҳанд. Сабабҳои ин гуна нафрат пайдо карданро аз роҳбарияти кунунии Қирғизистон бояд пурсид.
Сарбозони қирғиз ҷангро вақте сар намуданд, ки тамоми роҳбарони як қисми кураи замин дар маҷлисҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳои аъзои СҲШ дар Самарқанд қарор доштанд ва барои муаррифӣ ва рушди кишварҳои худ талош менамуданд. Сарвари тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо ҳамтоҳои худ мулоқот карда, доир ба беҳтар кардани вазъи иқтисодии кишвараш пешниҳодҳо менамуд ва бо ташаббусҳои нав баромад мекард. Ҳатто тасаввур намекард, ки дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз ҳамсояи наздикаш чунин амалҳоро бар зидди халқи тоҷик раво мебинад. Аммо ҷониби кишвари ҳамсояи қирғиз иштироки роҳбари худро дар чунин як ҷаласаи пураҳамият ба инобат нагирифта, амалҳои зишту нангинро ба мардуми тоҷик раво дид ва аз тамоми навъи силоҳ ва тайёраҳои бесарнишин истифода карда, даҳҳо тан сокинони бегуноҳро якҷо бо манзили зисташон нобуд сохт. Боз тааммул накарда, ба тариқи тамоми расонаҳо хабар дода истодаанд, ки гунаҳкор тоҷиконанд. Онҳо ҳама гуноҳро бар сари сарҳадбонони тоҷик зада, моро айбдор мекунанд, ки аввал мо тирпаррониро оғоз кардем.
Намояндагони Ҳукумати қирғиз зери шиори “дузди зӯр соҳиби говро бастааст” амал намуда, аз ҳақиқат дурӣ меҷӯянд ва сарбозону афсарони тоҷикро айбдор мекунанд. Ин роҳи интихобгардида дар шароити қувват пайдо кардани воситаҳои муосири иттилоотӣ ба кор нарафта, ҳама ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ ёфтанд, ки аввал тирпаррониро қирғизҳо шуруъ намуданд ва баъд ҷанг сурат гирифт.
Ба пиндошти мо, роҳбарияти кунунии Қирғизистонро зарур аст, ки ба ҷойи гунаҳкоронро ҷустан ва мардуми тоҷику Роҳбарияти олии сиёсии онро сиёҳ кардан бояд ҳарчи зудтар роҳи муколамаро пайдо намояд ва барои расидан ба сулҳ талош варзад.
Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон шабу рӯзҳо бо сад умед ба Самарқанд омада, дар бари дӯсту бародараш — Ш. Мирзиёев рост меистад ва меҳмононро хайрамақдам мегӯяд ва ҳамчунон бовар доштанд, ки бо бисёр роҳбарони кишварҳо мулоқот карда, барои рушди кишвараш шароити хубтаре муҳайё месозад. Аммо, дар рӯзи дуюм, “дӯстон”-и дар нохунак ба мо чунон туҳфаи ноҷавонмардонаро раво дониста, дар сарҳад ҷангро шуруъ намуданд. Дар ин ҳангом Пешвои миллат реҷаи корашонро тағйир дода, бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва роҳбарияти вилояти Суғд тамос гирифтанд ва роҳҳои ҳарчи тезтари оташбасро ба онҳо маслиҳат доданд. Роҳбари хирадманди тоҷик дар ҳамон вазъияти мураккаб, иштирок дар баъзе чорабиниро мавқуф гузошта, бо Президенти Қирғизистон мулоқот доир намуданд ва масъалаи оташбасро баррасӣ намуданд. Аммо, баръакси ин қадар эҳтиром, Роҳбари қирғиз пас аз баргаштанаш ҷангро идома бахшид. Магар, дар ин ҷо низ тоҷикон гунаҳкоранд? Худаш шоҳид буд, ки мо тамоми сарони кишварҳоро мунтазир гузоштем ва роҳи сулҳро муҳокима кардем. Ин магар бузургии Пешвои миллат нест? Ин магар ҳисси ҷавонмардӣ нест? Худатон қазоват кунед, ки ташаббускори вохӯрӣ кӣ буд ва кӣ мехост, ки ин қазиярро ҳарчи зудтар баррасӣ намояд ва роҳҳои расидан ба оташбасро пайдо созад.
Қирғизҳо бояд донанд, ки тоҷикон дар аввали асри ХХ ба онҳо гузашт кардаанд ва қисми зиёде аз заминҳои худро ба хотири ҳамсоягӣ ба ин мардум тақдим намудаанд ва дар баробари ин барои обод шудани маҳалҳояшон кумак кардаанд, роҳу пул бунёд намудаанд ва барои ҳамсоягӣ шарики ғаму шодиашон гардидаанд. Аммо дар ҷавоб онҳо чӣ кор карданд?
Бо иллати сиёсати яктарафаи Роҳбарони имрӯзаи Қирғизистон мардуми осоишта, ки дар фазои дӯстиву ҳамсоягӣ умр ба сар мебурданд, тайи чанд соли охир аст, ки ба душманони ҳақиқӣ табдил ёфта истодаанд, дар пайи озори ҳамдигар талош доранд ва рақиби ҳамдигар гардидаанд. Ҳол он ки Ҳукумати ин кишвар метавонад бо роҳи осоишта сари музокирот нишинад ва масъалаҳои ҳудудиву марзиро дар асоси сарчашмаҳои таърихиву ҳуҷҷатҳои мавҷуда ҳал намояд ва ба ҷангу ҷидол ва хонасӯзиву хонавайронкунӣ хотима бахшад.
Бояд гуфт, ки танҳо музокироти мусолиҳатомез метавонад пеши роҳи ҷангро гирад ва аз тахрибу хонавайронкуниҳо мардумро наҷот диҳад. Ҳатто мушоҳидачиёну таҳлилгарони хориҷӣ низ ҳамин пешниҳодро тариқи расонаҳои хабарӣ паҳн карда, роҳбарони ду кишварро ба созиш даъват намуда истодаанд.
Ба назари мо, Комиссияҳои давлатие, ки аз ҳар ду ҷониб таъсис ёфтааст, бояд барои ҳалли қазияи мазкур талош кунанд ва ҷиҳати муайян кардани ҳудудҳои марзиву сарҳадӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Барои ин сарчашмаҳои таърихӣ вуҷуд доранд ва ҳуҷҷатҳои расмӣ аз бойгониҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҷамъ шудаанд. Танҳо аз рӯйи ахборе, ки Бобурмирзо дар “Бобурнома” ишора кардааст, исботи он аст, ки аксари заминҳои баҳсталаб таърихан моли тоҷикон буда, бо таъсири сиёсати замони Шӯравӣ қисмашон ба қирғизҳо зӯран тақсим шудаанд.
Мо бори таърихро ба касе ҳавола намекунем, вале қайд карданием, ки барои дуруст тақсим кардани сарҳад масъулон бояд сари мизи музокирот нишинанд, роҳи дурусти ҳалли муноқишаро пайдо карда, аз худхоҳиву худкомагӣ даст кашида, барои ҷудо кардани сарҳадҳои воқеӣ роҳ кушоянд ва барои таъмини адолати таърихӣ мусоидат намоянд.
Дар баробари ин даъват менамоем, ки танҳо бо роҳи осоишта, бе хунрезӣ масъалаҳои марзиву сарҳадӣ баррасӣ шаванд ва барои тамоми маҳаллаҳои тоҷикинишин шароити ҳамлу нақли молу маҳсулот фароҳам оварда шуда, пеши роҳи ҳар гуна хунрезӣ ва ҷанг гирифта шавад. Танҳо бо роҳи гуфтушунид тарафҳо метавонанд масъалаи ниҳоят нозукро ҳал намоянд ва хати сарҳадҳои ҳамдиггарро дуруст муайян намоянд.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ