Раҳоварди зиндагӣ. Чаро Абдулҳамид Самад тарки романнависӣ кард?

Бо дархости зиёди хонандагони “Тоҷикистон” ин ҳафта ба аёдати Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Абдулҳамид Самад равон шудем, вале устодро на дар хона, балки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайдо кардем. Суҳбати мо ҳам дар он ҷо баргузор шуд.

 Раҳоварди зиндагӣ

— Имрӯзҳо чӣ рӯзгор доред, машғули чӣ коред?,- мепурсам аз устод.

— Рӯзгорам, шукр, бад нест. Зиндагӣ якмаром идома дорад,- посух медиҳад ҳамсуҳбатам ва аз ҷузвдон чанд дафтарро бароварда, диққати маро ба онҳо равона мекунаду ба суҳбат идома медиҳад:

— Инҳо дафтарҳои хотира ҳастанд. Аз он рӯзе, ки падару модар маро дуо додаву ба Душанбе гусел карданд, то имрӯз кам-кам хотира менависам. Шумораи ин дафтарҳо ба 30 адад расидааст. Мехоҳам онҳоро ба дасти чоп диҳам. Маводи дафтарҳо аз таҳрир гузаштанд. Худо хоҳад, ба қарибӣ таҳти унвони “Раҳоварди зиндагӣ” намунаҳое ба дасти хонанда мерасад. Шукр мекунам, ки имкон даст дод, то ёддоштҳоямро омодаи нашр намоям.

Аз Шикоргоҳ то Кадучӣ

— Чун яке аз дафтарҳои “Раҳоварди зиндагӣ” дар дастатон аст, мехоҳам саҳифаҳои онро варақ занед ва ёди айёми кӯдакиву наврасӣ кунед,- пешниҳод мекунам ба устод Абдулҳамид Самад.

Эшон дафтари хотиротро варақгардон мекунанд…

— Ман дар деҳаи Шикоргоҳи Ховалинг ба дунё омадаам, аммо соли 1953 бо амри тақдир мо аз он ҷо кӯч бастем. Ман он вақт тақрибан 5-сола будам, вале ҳеҷ гоҳ ин лаҳзаҳо аз хотирам намераванд, ки ҳамроҳи волидайн масофаи 100 км роҳро дар чор шабонарӯз пиёда тай намуда, ба деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ омада будем. Минбаъд зиндагии мо дар ин деҳа идома ёфт.

— Яъне аз Шикоргоҳ ҳам хотира доред?

— Бале. Баъди гузашти солҳо чандин маротиба он ҷо рафтам. Ҳоло онҷо касе зиндагӣ намекунад. Ҷангалҳо сарсабзу чашмасоронаш ҳамоно ҷорист, вале он деҳа матрук аст. Мардумро соли 1959 аз он ҷо кӯчониданд.

Даврони ширини кӯдакии ман дар Кадучӣ гузаштааст. Бинобар ин, вақте ёди рӯзҳои гузашта мекунам, албатта нахуст ин деҳа дар зеҳнам пайдо мешавад.

Мактаби адибпарвар

Аз суҳбати устод Абдулҳамид Самад бармеояд, ки мактаби деҳаи Кадучӣ чандин адибони номварро ба адабиёти тоҷик додааст.

— Мактаберо, ки ман хондам,- мегӯяд ҳамсуҳбатам,- пеш аз ман ду шоири намоёни мо Ғоиб Сафарзода ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ хатм карда буданд. Баъди хатм Шоҳмузаффар Ёдгорӣ шомили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардиду Ғоиб Сафарзода Донишкадаи давлатии  омӯзгориро хатм карданд. Ҳарду ҳам фаъолияти эҷодии худро аввал аз матбуот оғоз карданд. Баъдан рӯ ба адабиёт оварданд. Онҳо аз беҳтарин адибони мо ҳастанд. Баъд аз хатми мактаби миёна вақте ба Душанбе омадам, бо онҳо вохӯрдам. Солҳои донишҷӯйӣ барои ман онҳо роҳнамову мададгор буданд. Тавассути онҳо ба ман муяссар гашт, ки бо беҳтарин нависандагону шоирони ҷавони он давра Лоиқ, Куҳзод, Бозор, Гулназар, Саттор Турсун, С. Ҳалимшоҳ ва дигарон шинос шавам. Ана дар чунин муҳит ман низ аз пайи қалам рафтам…

Ҳамин тавр, Абдулҳамид Самад аз даврони таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон бо нашрияҳои даврӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда, аввал ба ҳайси журналист ва баъдан ҳамчун нависанда шуҳрат пайдо мекунад.

Парвози «Паррончакҳо»

Чун сухан аз фаъолияти эҷодии устод Абдулҳамид Самад ва аз асарҳои эшон рафт, дар мавриди асари дӯстдоштаам “Паррончакҳо” суол кардам. Посухи устод чунин буд:

— Аввалин қиссаи навиштаи ман “Баъд аз сари падар” ном дорад, ки соли 1977 иншо ва соли 1979 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуд. Шӯрои насри Иттифоқи нависандагон он вақт ҳар асарро борҳо муҳокима мекард. Махсусан, агар маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳо ё роман барои чоп ба нашриёт пешниҳод мешуд, он чанд маротиба аз муҳокима мегузашт. Вақти муҳокимаи қиссаи “Баъд аз сари падар” устод Лоиқ аз ман пурсиданд, ки баъди ин қисса чӣ менависед? Ин як таконе буд барои ман. Ҳамин тавр, соли 1981 “Паррончакҳо”-ро навиштам. Навиштани ин қисса хеле мушкил буд. Зеро мавзуи он аз ҳаёти донишҷӯйӣ, рӯзгори ҷавонӣ, шикасту рехту шодиву нишот навишта шудааст. Мушкили навиштан он буд, ки ҳаёти рӯзмарраро дар либоси бадеӣ бояд тасвир мекардам. Вақте соли 1982 “Паррончакҳо” чоп шуд, аз тарафи хонанда хуб пазироӣ ёфт. Ман ҳеҷ интизор набудам, ки дар хобгоҳҳо ҳама “Паррончакҳо” мехонанд, баъди дарсҳо онро муҳокима мекунанд. Дар бисёре аз ин муҳокимаҳо ман ҳам иштирок мекардам. Ҳозир ман худамро хеле сарбаланд ҳис мекунам, ки перомуни ҳусну норасоии ин қисса, мунаққидони соҳибназар дар матбуоти даврӣ фикрҳои худро навиштанд. Аз он рӯзгорон 40 сол сипарӣ шуд, “Паррончакҳо” дар Тоҷикистон 6-7 маротиба чоп шуд, бо забони русӣ низ тарҷумаву нашр гардид. Яке аз қаҳрамонҳои ин асар худи ман будам, ки ба 75 даромадам, вале ин қисса ҳанӯз ҳамрозу писанди ҷавонон мебошад.

Охирин роман

Чанд сол қабл романи нависанда Абдулҳамид Самад “Гардиши девбод” ба нашр расид. Дар охири асар нависанда ба хонанда чунин паём мегузорад: “Дигар асари калонҳаҷм наменависам”.

Чаро адиб чунин паёми маъюскунанда медиҳад? Сабаб чист?

— Ман дар синну соле ҳастам, ки дигар дағдағаву ваъдае, ки асарҳои бузургҳаҷм менависам, чандон ба ҳақиқат рост намеояд,- мегӯяд нависанда.- Ростӣ, мадори зиёд навиштан надорам. Хеле мехоҳам сари миз нишаста кор кунам, зеро суханҳои ногуфта дорам, вале қувватам намерасад…

Вале устод Абдулҳамид Самад хонандагонашро ноумед карданӣ нест, зеро нияти нашри чандин китоби марғубро дорад, ки якеро дар боло зикр кардем.

— Ҳоло навиштаҳоямро, ки аз овони ҷавонӣ то ин дам дар рӯзномаҳо чоп шудаанд, гирдоварӣ карда истодаам,- мегӯяд нависанда ва идома медиҳад: “Аз он вақте ки аз оғӯши деҳа, аз оғӯши падару модар ҷудо шуда, ба пойтахт барои таҳсил омадам, солҳо сипарӣ шуданд. Намедонам чӣ қадар умрам мондааст. Бинобар ин, машғули гирдоварии маводҳои нашрнашуда ҳастам. Фардо чӣ пеш меояд, Худо медонад. Агар имкон даст диҳад, дар бораи ҳамқаламон ва дӯстонам кам-кам хотира менависам…”.

Дар ҳалқаи пайвандон

Имрӯзҳо нависанда Абдулҳамид Самад дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш аст. Аз пайвандонаш пайравонаш ҳастанд, вале ҳанӯз аз худ дарак надодаанд.

— Шукр, зиндагии хуб дорем. Фарзандону наберагон ҳамеша  мададгоранд. Аз ҳама муҳимаш осудагии ватанамон Тоҷикистон ва хушии рӯзгори мардумамон мебошад. Ва боз тандурустии ҷомеа. Шукри Худо, дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон беш аз пеш созандагиву бунёдкорӣ, ҳисси ифтихори ватандорӣ ва худшиносиро эҳсос мекунем. Ин фоли нек аз ояндаи дурахшони диёрамон башорат медиҳад.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *