Раҳпаймоии бонувони рус дар Тоҷикистон
Расо 60 зани низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ омодагӣ мебинанд.
Дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми май ҳайати занони сарбози пойгоҳи низомии Русия ба раҳпаймоии тантанавӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти Округи марказии ҳарбӣ (ОМҲ) хабар додааст.
«Рӯзи 9-уми май барои нахустин бор як ҳайати занонаи паради ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар раҳпаймоии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат хоҳад кард»,- омадааст дар хабар.
Округи марказии ҳарбӣ қайд кард, ки дар Рӯзи Ғалаба духтарон бо либоси низомии бо лентаҳои георгий ороёфта раҳпаймоӣ мекунанд.
Кайҳо машғулиятҳо ва машқҳо оғоз ёфтаанд. Дар раҳпаймоии тантанавӣ дар маҷмуъ беш аз 60 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ширкат мекунанд.
Қаблан ихтиёриён ва хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия бахшида ба 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шанбегӣ баргузор карданд.
Чунин чорабиниҳо дар қабристонҳои низомиёни қаламрави Тоҷикистон ҳамасола баргузор мешаванд.
Дар шанбегӣ шахсан фармондеҳи пойгоҳи низомии 201 полковник Евгений Ковилин ва сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат карданд.
Дар маҷмуъ, пеш аз Рӯзи Ғалаба дар покиза кардани гирду атрофи оромгоҳ беш аз 200 нафар аз вазорату идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятии мухталифи Тоҷикистон ширкат карданд.
Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Он дар ду шаҳр — Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ