Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро аёдат намуд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, марзбонони шуҷоъи Ватанро аёдат намуд.
Роҳбарияти вилоят зимни суҳбат таъкид намуд, ки имрӯзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ низ беҳтарин шароити кору хизмат фароҳам оварда шуда, танҳо дар соли ҷорӣ 75 дидбонгоҳи сарҳадӣ бунёд карда шудааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили дигар тадбирҳо ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ