Раҷабгул Қосимова: қасди ғорати хонаи маро доштанд, вале…
Пахтаандозон
Вақте ба аёдати Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова рафтам, эшонро машғули кӯрпадӯзӣ дарёфтам. Дар ҳайрат мондам, зеро гумон надоштам, ки актрисаи машҳур худ ба корҳои рӯзгордорӣ машғул мешавад.
“Баҳор наздик аст. Суннати мардуми мост, ки ба омад-омади баҳору Наврӯз аз тангии зимистон омодагӣ бинад. Имрӯз ду-се зани ҳамсояро ҷеғ зада, пахтаандозон кардем,- гуфта, муаллима идома доданд,- шояд имрӯз бисёриҳо калимаи пахтаандозонро нафаҳманд, ин як суннати қадимии мардуми мост. Дар зодгоҳи ман — деҳаи Заврон занҳо ҷамъ шуда, кӯрпа мекарданд ва ин маросимро пахтаандозон мегуфтанд”.
Ростӣ, аз кӯрпапахтакунии занони ҳунарманд завқ бурда, дасту остин барзадам, то ба онҳо каме кумак кунам.
Мушоҳида кардам, ки Раҷабгул Қосимова тамоми нозукиҳои ин пешаро медонад ва раванди омода шудани кӯрпачаро аз оғоз то ба охир назорат мекунад, то табъи дилаш барояд.
“Зан новобаста аз он ки дар кадом самт кор мекунад, бояд зан бошад. Корҳои рӯзгордориро аз худ карда, зиндагиашро саришта кунад. Сарфаву сариштакор бошад”,- мегӯяд Раҷабгул Қосимова.
Духтари Қосим чӣ тавр раққоса шуд?
Дар вақти кӯрпадӯзӣ саҳифаҳои ҳаёти Раҷабгул Қосимоваро варақгардон кардем.
Мухлисони Раҷабгул Қосимова медонанд, ки ӯ дар синни 16-солагӣ пинҳонӣ аз падар ҳамчун раққоса ба саҳнаи Театри халқии шаҳри Панҷакент баромад. Вақте овозаи “Духтари Қосим раққоса шудааст” дар деҳа паҳн мешавад, Қосими Ниёз, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба суроғи духтар ба Омӯзишгоҳи шашмоҳаи савдои шаҳр меравад, ки Раҷабгул он ҷо таҳсил мекард… Вале ӯро дар театр пайдо мекунад. Чун Раҷабгулро ба хона оварда наметавонад, ибтидо аз ӯ ба қавле рӯй мегардонад, вале бо гузашти солҳо духтарашро мебахшад ва ба ӯ дуои нек медиҳад.
“Падарам диданд, ки ман бо ҳунарам байни мардум обрӯ пайдо кардам, соҳибэҳтиром шудам, на беобрӯ. Бинобар ин, ба ман дуои нек доданд”,- мегӯяд Раҷабгул Қосимова.
— Оё аз гурехтанатон боре ҳам эҳсоси пушаймонӣ кардед?,- пурсидам аз муаллима ва қотеона посух шунидам:
— Ҳаргиз! Ҳар субҳ вақти аз хоб хестанам ҳазор маротиба шукрона мекунам, ки Худованд дар ҳамон замонҳои бисёр вазнин бароям фаҳмиш ва ҷуръат доду ман ба роҳи ҳунар рафтам. Шукр, имрӯз соҳиби ҳама чиз ҳастам ва ин аз баракати санъат аст.
Якбора ба курси дуюм
Солҳои донишҷӯйии Раҷабгул Қосимова низ дар шаҳри Москва рангин гузаштааст. Ӯ он давраҳоро чунин ба ёд меорад: “Соли 1966 Театри халқии шаҳри Панҷакент намоишномаи “Зайнаббибӣ”-ро ба саҳна гузошт, ки дар он банда нақши асосӣ — Зайнаббибиро иҷро мекардам. Мо ин спектаклро ба фестивал овардем. Ректори вақти Институти санъати театрии шаҳри Москва ба номи Луначарский Арнолд Гобунов ҳамон вақт меҳмони пойтахти Тоҷикистон будааст ва маро дар ин нақш мебинад. Чун дар бораи ман пурсон мешавад, Холмурод Шарипов мегӯяд, ки ӯ гурехта актриса шудааст. Ректор пешниҳод мекунад, ки таҳсиламро дар ГИТИС идома диҳам, вале воқеае сабаб шуду ман он сол рафта натавонистам. Соли дигар бо даъвати бевоситаи Гобунов ва мусоидати Холмурод Шарипов ба ГИТИС дохил шудам ва имтиҳонҳоро аъло супорида, якбора ба курси дуюм гузаштам”.
Ҳамин тавр, Раҷабгул Қосимова дар ГИТИС аз устодони номваре чун Б. В. Бибиков ва О. И. Пижова маҳорати актёрӣ омӯхт. Солҳи 1971 ӯ бо ҳамкурсонаш Шодӣ Солеҳ, Тағоймурод Розиқов, Амон Қодиров, Ғолиб Исломов, Бердӣ Мингбоев, Гулсара Абдуллоева, Асалбегим Саодатова, Соҳибсултон Алиназарова, Дилбар Умарова ва дигарон ба Душанбе баргашт. Маҳз дар асоси курси ин ҳунармандон дар Душанбе Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфт, ки то имрӯз бо асосгузоронаш мефахрад.
Гулҳо ба Раҷабгули хатлонӣ
Наздик ба 60 соли ҳаёти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова дар саҳна сипарӣ шуд. Хотироти зиёде дорад, махсусан аз сафарҳои ҳунарӣ.
“Табиати Хатлонро дӯст медорам. Ҳамеша интизори моҳи апрел мешавам, ки ба шаҳру навоҳии Хатлон сафар кунем, зеро дар ин моҳ дар дараҳои сабзқабо лолаҳои сурх ҷавлон мезананд”,- мегӯяд ҳунарпеша.
Ӯ аз сафарҳояш ба Хатлон хотироти ширин дорад, ки соатҳо онро нақл мекунад.
— Дар зодгоҳи ман номи Раҷабгул хеле кам аст, вале дар Хатлон қариб дар ҳар як хона як Раҷабгул ҳаст, бинобар ин, бисёриҳо маро кӯлобӣ ё балҷувонӣ фикр мекарданд. Дар як сафарамон ба Хатлон воқеае рух дод. Мардум бо гулу гулдастаҳои зиёд ба намоишномаи мо меомаданд. Онҳоро дида, ба ҳамкасбам Давлатмоҳи хатлонӣ гуфтам: “Давлатмоҳ, бин, ҳамаи ин гулҳоро барои ман оварда истодаанд”. Давлатмоҳ як нигоҳи тунд карду гуфт: “Дар ин ҷо як ту актриса ҳастӣ?”. Вақте намоиш тамом шуд, ҳама гулу гулдастаҳоро ба ман оварданд, ҳол он ки, ман шӯхӣ карда будам…
Ба хонаи Майсарабону надароед!
Раҷабгул Қосимова аз он меболад, ки тамошобин нақшҳои ӯро медонад ва солҳои сол ба ёд меорад: “Баъд аз он, ки дар спектакли “Найрангҳои Майсара” нақши Майсарабонуро иҷро кардам, ин спектакл хеле машҳур шуд. Мардум чанд сол маро “Майсарабону” гуфта садо мекарданд. Солҳои ҷанги бемаънии бародаркушӣ ҳамарӯза хонаи нафаре ғорат мешуд. Баъдан ба ман гуфтанд, ки қасди хонаи маро низ доштаанд, вале яке аз қумандонҳояшон дастур додааст: “Ба хонаи Майсарабону касе чашм ало накунад…”. Ҳамин тавр, хонаи ман аз дасти авбошон эмин мемонад”.
Мисли Майсарабону Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова даҳҳо нақши хурду бузурги мондагор дорад, ки дар дилу дидаи тамошобин маъво гирифтаанд.
Актёрӣ мактаб надорад
Раҷабгул Қосимова солҳои зиёд аст, ки дар баробари фаъолият дар театру синамо ва телевизион дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дарс мегӯяду то имрӯз даҳҳо шогирдони болаёқатро тарбият кардааст.
“Солҳои 2000-ум вақте нав ба донишкада даъват шудам, як гуруҳ бачаҳои болаёқат шогирдонам буданд. Дониш ва кӯшишашон хеле хуб буд. Бо шавқ бо онҳо кор мекардем. Вале вақте қабули донишҷӯёни шуъбаи актёрӣ тариқи Маркази миллии тестӣ шуд, сафи донишҷӯёни тасодуфӣ афзуд. Бовар мекунед, донишҷӯёни болаёқат ба донишгоҳҳои дигар дохил мешаванд, қафомондаи он, аз ҳама бали паст гирифтаҳоро ба донишкадаи санъат мефиристонанд. Вай ҳатто намедонад, ки барои чӣ ва куҷо омадааст. Ман дилгир шудам. Рости гапро мегӯям, охирон курсро дарс дода натавонистам. Аз оне, ки бисёр бесаводанд. Вақте ки ҳамроҳашон гап мезанам, фаҳмишашон баробари кӯдаки синфи 4 нест. Хаста шудам. Ҳоло дарс намеравам. Агар ягон зарурат пеш ояду даъват кунанд, меравам…”,- меафзояд ӯ.
Шукр…
— Имрӯзҳо чӣ рӯзгор доред?,- мепурсам аз Раҷабгул Қосимова.
— Нафақагир ҳастам. Нафарони зиёд ба дидорбиниам меоянд, ки онҳоро меҳмондорӣ карда, гусел мекунам. Худам ба хона меҳмон даъват мекунам. Танҳоиро дӯст намедорам. Ҳафтае як маротиба ба театр меравам, агар спектакл набошад. Агар намоише, ки дар он нақш дорам, ба саҳна монда шавад, дар вақти зарурӣ барои тамрин ё иҷрои нақшам меравам. Журналистон маро дӯст медоранд ва пайваста ба суроғам меоянд, ки сипосгузорам.
— Аз зиндагии хеш розӣ ҳастед?
— Бале. Ман зиндагии ширин, рангин ва зеборо аз сар гузаронидам. Шукр, ки имрӯзҳо низ дар ҳалқаи фарзандон, набераҳо, пайвандон ва дӯстон хушу хурсанд ҳастам. Мардум маро дӯст медоранд. Ҳукумати кишвар қадр мекунад. Барои ман бисёр хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои тиббӣ ройгон аст, нафақаи нағз мегирам, аз зиндагӣ шикояте надорам. Соли равон, агар Худованд насиб дида бошад, 75-сола мешавам. Нияти нашри китоби хотиротамро дорам…
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ