Раҷабгул Қосимова:Хушдомани ман бӯйи биҳишт мекард

Дар сар то сари Тоҷикистон шахсеро пайдо намудан душвор аст, ки Раҷабгул Қосимоваро нашиносад ё номашро нашунида бошад. Ин зани зебою дилкаш бо нақшҳои пурҷозибаи офаридааш кайҳо дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст.

Аҷибаш он аст, ки ҳаёти шахсии Раҷабгул Қосимова мисли зиндагии қаҳрамонони дар саҳнаи театр, телевизион ва синамо офаридааш пурпечутоб ва саршори таззодҳои гуногун аст. Маъмулан, кӯдакон дар 7-солагӣ ба мактаб мераванд, аммо вай дар синни 5-солагӣ ба синфи 1 қабул шудааст, дигар ҳунармандон баъди хатми донишгоҳ рӯйи саҳна меоянд, вале ӯ дар 17-солагӣ бе ягон маълумоти касбӣ актриса шуда, дар муддати кӯтоҳ чунон машҳур шуд, ки ин духтари деҳотиро барои таҳсил ба Маскав даъват намуданд. Аммо аз ҳама аҷибаш он аст, ки Раҷабгул Қосимова дар айни ҷӯшу хурӯши эҷодиаш, замоне, ки садҳо ҷавонмардон аз як нигоҳаш обу адо мешуданд, ба марди аз худаш 22 сол калон ба шавҳар баромада, ба 5 фарзанди бемодари ӯ модар шудааст.

Оё ҳанӯз худ модар нашуда, ба 5 фарзанди бегона модар шудан барои як зани ҷавон, олуфта ва хеле машҳур душвор набуд?

Фарзандони шавҳараш ӯро чӣ хел қабул карданд?  

Дар бораи моиндар ҳамеша суханони бад мегӯянд, Раҷабгул Қосимова  чӣ гуна моиндар аст?

Ин зани машҳур дар бораи хушдоманаш чиҳо мегӯяд?

Суҳбати мо бо Раҷабгул Қосимова сари ҳамин мавзӯъҳои оилавӣ буд.

Аз муҳовара

-Дар як суҳбататон гуфтаед, ки волидонатон ба актриса шуданатон чандон розӣ набуданд. Шумо, як духтари деҳотӣ чӣ хел ҷуръат кардед, ки бе иҷозати падару модар актиса шавед?

Ман аслан аз деҳаи Заврони Панҷакент ҳастам. Дар деҳаи мо ба шаҳр барои таҳсил рафтани духтарон бидъат ҳисоб мешуд, аз ҳамин хотир, падарам чандон розӣ набуданд, ки ман актриса шавам. Албатта, ман нороҳатии падарамро аз касби интихобкардаам аз қиёфаашон пай мебурдам, вале ягон маротиба ошкоро нагуфтанд, ки ин корро накун. Модарам барои таҳсил ва кори ман зид набуданд. 

Бо чунин ҳол кор кардан дар театр душвор набуд…?

Албатта душвор буд. Ман дар 17-солагӣ ба театр ба кор рафта, дар як муддати кӯтоҳ натанҳо дар Панҷакент, балки дар тамоми Тоҷикистон  машҳур шудам. Пас аз ҳар як намоишнома дар бораам дар газета ягон мақолаи хуб чоп мешуд, вале ман онҳоро пинҳон карда мемондам, ки ба чашми падарам наафтад. Аммо “дӯст”-оне пайдо мешуданд, ки дар тӯю маъракаҳо ин газетаҳоро ба падарам нишон дода, масхараомез “Қосим-ако, ҳамин духтараки раққосаро мешиносед” гӯён, он касро хиҷолат доданӣ мешуданд. Падарам дар тамоми маъракаҳои деҳа саркор буданд ва албатта чунин нешзаниҳо ба асаби он кас бе таъсир намемонд, аммо ягон бор ба театр омада, маро кашолакунон ба хона набурдаанд ва дар рӯям нагуфтаанд, ки ту ин коратро бас кун, мардум ба ҳоли ман механданд…

Шумо дар 17-солагӣ актриса шуда, дар як муддати кӯтоҳ хеле машҳур шудед ва талабгорони зиёде доштед, аммо садҳо ҷавони зебо куштаи як нигоҳатон гашта бошанд ҳам, ба як марди аз худатон 22 сол калон ба шавҳар баромадед. Чаро?

-Шавҳарамро худам интихоб кардам ва ҳеҷ гоҳ аз интихоби кардаам пушаймон нашудаам. Ҳамсарам худашон ҳам аҳли санъат буданд ва тамоми санъаткоронро бисёр дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд. Ман хуб медонистам, ки ин мард маро дар зиндагӣ мефаҳмад ва дастгирӣ мекунад. Умуман, натанҳо шавҳарам, балки тамоми хешу табораш ҳам дар ҳаёт барои ман такягоҳи боэътимод гаштанд. Ман ҳар сухани баде, ки шунидаму ҳар таҳқире, ки дидам, аз баъзе хешу ақрабои худам шунидаам, хешовандони шавҳарам ҳамеша бо ман ифтихор мекарданд ва маро дастгирӣ менамуданд.

-Шавҳаратон аз зани якумаш 5 фарзанд дошт. Барои шумо-як зани ҷавону машҳур, ки худ ҳанӯз фарзанд надошт, ба 5 кӯдаки бегона модарӣ кардан душвор набуд?

-Дар бораи муносибати бади моиндар ва фарзандони ӯгай бисёр шунидаам, вале ман бегона будани фарзандони шавҳарамро аслан эҳсос накардам. Фарзандони худашон гапи баъзе модаронро намегиранд, аммо бачаҳои шавҳарам то ба имрӯз ягон бор ба ман нагуфтаанд, ки мо ин корро намекунем ё ту худат ба мо кӣ мешавӣ. Ман аз духтари калонии шавҳарам ҳамагӣ 6 сол калон ҳастам, вале ҳамаи бачаҳои шавҳарам худашон келину набераю чаберадор шуда бошанд ҳам, то имрӯз дар ҳама кор аз ман маслиҳат мепурсанд ва дуо мегиранд. Мо ҳама кӯдак будем ва ҳамаи моро модари шавҳарам, яъне хушдоманам калон карданд…

Пас, барои ҳамин дар як сӯҳбататон гуфтаед, ки “хушдомани ман як зани биҳиштӣ буданд…

Хушдомани ман дар ҳақиқат зани бениҳоят зебою оқила ва биҳиштӣ буданд, бӯйи биҳишт мекарданд. Он кас аз асилзодагон буданд ва ягон бор ин корро накун намегуфтанд ё қошу қавоқ гиронда, қаҳру ароз намекарданд. Бисёр зани боақл буданд ва дар куҷо чӣ гуфтанашонро медонистанд. Мабодо ягон кор ё гапам маъқул нашавад, бисёр нозук мефаҳмонданд, ки ин корро ин хел нею он хел кардан лозим аст. Кадбонуи моҳир ва олуфта буданд, тозагиро дӯст медоштанд, пухтупазу хонадорию меҳмондориро ман аз он кас омӯхтам. 

-Ба касби шумо муносибаташон чӣ гуна буд? “Кӯдаконатро дарди сари ман карда баромада, бо баҳонаи кор меравӣ” намегуфтанд?

Ҳамаи фарзандонамон, яъне 5 фарзанди шавҳарам ва 2 писари маро хушдоманам калон карданд, вале боре ҳам таъна назадаанд, ки ман кӯдакбонӣ мекунаму ту ба кор меравӣ. Ба мо ҳамагӣ 2 моҳ рухсатии баъди таваллуд медоданд. Ёдам ҳаст, писарчаам думоҳа буду мо бояд ба ноҳияи дигар ба як деҳаи дурдаст рафта, намоишнома нишон медодем. Аз хушдоманам пурсидам, ки чӣ кор кунам. Пурсиданд, ки кай меравед? Гуфтам, ки пагоҳ саҳар. Рӯзи дигар бинам, хушдоманам аз ман пештар аз хоб хеста, либосҳои зебояшонро пӯшидаву сару соз карда, кӯдакро лӯлак карда, ба бағал гирифтанд. Ҳайрон шудам, ки куҷо мерафта бошанд. Вақте ки автобуси театр омад, хушдоманам пеш аз ман ба он савор шуданд ва дар курсии пеш нишастанд. Ҳамин тавр, дар тамоми намоишномаҳо хушдоманам набераашонро бағал карда, ба театр мерафтанд ва дар қатори аввал нишаста, тамошо мекарданд. Чашм нарасад гуфта, рӯйи кӯдакро бо лаби рӯймолашон мепӯшонданд. (механдад) Бо ин ҳама некиҳои дар ҳаққи ману фарзандонам кардаашон чӣ хел хушдоманамро зани биҳиштӣ нагӯям?!

Вақтҳои охир аксари келинҳо бо хушдоман соз намегиранд. Сабаби инро шумо дар чӣ мебинед?

Сабаби ҳамаи ин дар мастӣ аст. Имрӯз ҳама чиз мерасад, вале одамон ба ҷойи шукрона кардан моҷароҷӯӣ карда мегарданд. Дар замони мо зиндагӣ душвор буд. Мо дар як хона 3 келин зиндагӣ мекардем, аммо ягон бор гапамон нагурехтааст, чунки ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром мекардем.

Ба занҳои ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед? Барои хуб шудани муносибаташон бо модаршӯй ва шавҳар бояд чӣ кор кунанд?

Ҷавонзанҳо ҳам як рӯз худашон хушдоман мешаванд, барои ҳамин калонсолон, махсусан хусуру хушдоманро ҳурмату эҳтиром кунанд, дар пирӣ эҳтиром мебинад. Аз шавҳарашон бисёр талаб накунанд, барои пулу мол ва зару зевар шуда, ҷангу ҷанҷол набардоранд. Паси гап нагарданд, ғайбат накунанд. Шавҳарашонро самимона дӯст дошта, аҳли оилаи ӯро чун падару модар ва хоҳару бародари худашон қабул кунанд, албатта хушбахт мешаванд.

Ф. Сатторӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *