Раҷабалӣ Одинаев дар маҳбас, маоши кормандони «Умед-88»-ро кӣ медиҳад?

Наздики 100 нафар кормандони ширкат ба мақомот муроҷиат карданд, ки се моҳ боз маош нагирифта, молики ширкат беш аз як моҳ дар ҳабс аст.
Хешону наздикони Раҷабалӣ Одинаев, роҳбари ширкати «Умед-88» иттилоъ доданд, ки наздики 100 нафар кормандони ширкат ба мақомот муроҷиат карданд, ки се моҳ боз маош намегиранд.
Онҳо дар ҳайратанд: чӣ гуна метавон ба кормандони «Умед-88» маош пардохт кард, дар ҳоле ки амволи ширкат ва суратҳисобҳои он дар бонкҳо таҳти ҳабс қарор дорад.
«Одинаев чандин маротиба изҳор дошт, ки агар ӯро таҳти баёноти тарк накардани манзил аз боздоштгоҳ ҷавоб диҳанд, ба баргардонидани қарзҳо бо фоизҳояш ва иҷрои дигар уҳдадориҳои молиявӣ омода аст», — мегӯянд хешони роҳбари ширкат.
Ба гуфтаи онҳо, айни замон кормандони Агентии зиддифасод фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии ширкати «Умед-88»-ро мавриди санҷиш қарор додаанд.
«Ба мо хабар доданд, ки пас аз анҷоми санҷиш парвандаи ҷиноӣ нисбати Р.Одинаев ва И.Ибрагимов ба суд фиристода мешавад», — илова карданд онҳо. Қаблан зикр гардида буд, ки Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Ибрагимов омодаанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи ширкат ва амволи шахсӣ қарзи аз Вазорати молия гирифтаашонро дар ҳаҷми 171 млн. сомонӣ бо назардошти фоизҳояш пурра баргардонанд.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз ду нафари дар боло зикршуда дигар ҳеҷ касе аз кормандони ширкат боздошт нашуда, танҳо Саидмумин Одинаев, ҷияни Р.Одинаев, ки расман муассиси ширкат аст, таҳти баёноти тарк накардани манзил қарор дорад. Маълумоти чанде аз васоити ахбори умум доир ба нисбати зерҳимоягонаш боз шудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далелҳои қочоқ ва ғайриқонунӣ гирифтани қарзро адвокат беасос унвон кард.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки аз замони ҳабси Р.Одинаев ва И.Ибрагимов ширкати «Умед-88» ба Вазорати молия зиёда аз 33 млн. сомонӣ маблағро баргардонидааст.
Зимни суханронӣ рӯзи 14 октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки ширкати «Умед-88» воситаҳои зиёди буҷетро харҷ карда, ба давлат барнамегардонад. Амали кормандони Вазорати молияро, ки ин маблағҳоро додаанд, Сарвари давлат «бемасъулиятӣ» хонда, дастур дод, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд.
Рӯзи дигар баъди изҳороти президент баркандани лавҳаҳо бо навиштаҷоти «Умед-88» дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ оғоз гардида, бо фурӯхтани сӯзишвории боқимонда, онҳо корро бас карданд. Дафтари асосии кории ширкат баста аст. Баъди 10 рӯз Агентии зиддифасод хабар дод, ки молики ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ва ҳамчунин директори ширкат Идибек Ибрагимов рӯзи 14 октябр, дарҳол баъди изҳороти Эмомалӣ Раҳмон боздошт шудаанд.
Ширкати «Умед-88» муддати беш аз 20 сол бо воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бензин ва сӯзишвории дизелиро ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид намуда, сипас онро барои фурӯш ба зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ тақсим мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *