Раҳгузари ношинос

(Ҷоиза ба номи М. Шерализода ва 2000 сомонӣ)

Ба пиндошти бисёриҳо қаҳрамонӣ фақат дар майдони ҷанг, дар сарҳад ё ҳангоми дастгир кардани ҷинояткорон рух медиҳад. Биноан, мо ба кирдори  одамони одию хоксор, ки даъвогари ягон шӯҳрат ва подош нестанду шуҷоаташон, бигзор нисбатан боазамат нанамояд ҳам, аммо аз фидокории  қаҳрамонони  шӯҳратёр камӣ надорад, эътино намекунем. Пораи тилло ҳам тиллост. Нафаре кӯдакро аз хонаи оташгирифта берун овардааст, дигаре духтари маъсумро аз дасти авбошон халос кардааст ва боз мисолҳои дигар. Дар бораи чунин воқеаҳо мо аз касе мешунавем, ё аз воситаҳои ахбори умум воқиф мегардем.

    Вале, розӣ шавед, на ҳар кас фикр менамояд, ки худаш дар он асно, чӣ кор мекард? Фикр наменамояд, ки қаҳрамонӣ дар айёми ҳамарӯзаи муқаррарӣ низ ҷой дорад, ҷавонмардони беиддао дар қатори  мо ҳам ҳастанд. Дар ин бобат Арасту хуб гуфтааст: «Мардонагӣ фазилатест, ки ҳангоми хатар  инсонҳоро ба кирдорҳои  пурнаҷобат  ҳидоят мекунад».

    Ҳар дам ки дар ин бора андеша меронам, қиссае ба ёдам меояд, ки як вақтҳо аз забони Алекпери шиносам шунида будам.

Миллати ӯ бошқирд аст, вале дар Душанбе таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва то ҳол дар ин ҷо зиндагӣ мекунад. Забони тоҷикиро ҳам хуб медонад.

Мақоли «Ба як ҷавонмард чил ҳунар кам» бегумон дар ҳаққи одамоне амсоли шиноси ман гуфта шудааст. Дар ҳақиқат даҳ ангушташ ҳунар, устои ҳамакора. Дуредгар ҳам ҳасту харрот ҳам, мошинҳоро ҳам таъмир мекунаду асбобҳои барқиро ҳам. Аз ин рӯ, зарурате пеш ояд, ҳамсояву шиносҳояш ба вай муроҷиат мекунанд.Дасташ ба ҳама мерасад. Бар замми ин ҳунармандиаш ҷавони дидарою хушмуомила аст.

Боре як кор баромаду ӯро ба хона даъват намудам. Дар рафти кор хеле суҳбат ҳам кардем. Аз гап гап баромаду айёми пуртаҳлукаи ҷанги шаҳрвандиро ёдовар шудем. Ба ногоҳ Алекпер ба фикр фурӯ рафт, ба назарам ғам ба рӯяш соя густард. Баъд  оҳе кашида ин қиссаро нақл кард:

-Бародаре доштам, ки аз ман се сол калон буд. Дар хона чизе аз хӯрданӣ намонд ва модарам фармуд, ки ба мағоза рафта нон харем. Боз таъкид кард, ки эҳтиёт бошем. Гоҳу ногоҳ садои тиру туфанг баланд мешуд, хабарҳои нохушу ваҳмангез паҳн мегаштанд. То дер гоҳ дар навбат истодем, вале ба мо нон нарасид. Азм кардем, ки ба заводи нон меравем. Нақлиёт набуд, мо пиёда равон шудем. Роҳамон аз назди бинои Сирк мегузашт. Дар нимароҳ риштаи пойафзорам кушода шуд, ман диранг кардам. Бародарам роҳашро идома медод. Аз пеш се-чор нафар ҷавони ношинос баромаданд, аз авзоашон яқин буд, ки ё сархушанд ё масти чизи дигаре. Бо бародарам баробар шуда истоданд ва миёни онҳо гуфтугузор ба амал омад. Онҳо чӣ гуфтанду бародарам чӣ ҷавоб дод, нашунидам. Вале ногоҳ дидам, ки яке аз он ҷавонон аз бағалаш корди дудама кашиду ба синаи бародарам фурӯ нишонд. Ҷавонон роҳи гурезро пеш гирифтанду дар як он ғайб заданд. Бародарам як калавиду пуштнокӣ ба замин афтод. Ман ҳаллосзанон расидаму дидам, ки аз синааш хуни арғувонӣ фаввора мезанад. Аз изтиробу саросемагӣ чӣ кор карданамро намедонистам. Хайрият, ду-се роҳгузар ба имдод расиданд. Ба бахти мо, аз дур як «Жигули» намудор гашт. Яке аз роҳгузарон «нобакорон!» гӯён, байни роҳ баромад ва мошинро боздошт. Ронанда ҳам одами худотарс будааст, вазъиятро дида гуфт, ки маҷрӯҳро ҳар чӣ зудтар ба бемористони Қарияи Боло бурдан лозим аст. Бо азобе бародари мадҳушамро ба курсии қафои мошин хобонидем. Духтурон бародарамро муоина карданду ба хулоса омаданд, ки аҳволаш ниҳоят вазнин аст. Хун бисёр рафтааст. Хуни бародарам навъи якум буд, ки камёфт мебошад. Яке аз духтурон узрхоҳон гуфт, ки алъон дар захираи онҳо аз он тамоман нест. Боз илова намуд, ки агар худат аз ҷое пайдо карда тавонӣ, шояд илоҷе кунем. Акси кор, хуни ман ҳам навъи дигар аст. Давида ба кӯча баромадам. Ба ҳар касе, ки рӯ ба рӯ шавам, зорӣ мекардам: «Хуни ту кадом навъ аст?» Яке посух медод, ки хунаш навъи дуввум асту дигаре сеюм. Касе ҷавоб дод, ки худаш аз камхунӣ азият мекашад. Оқибати кор чӣ мешуда бошад? Ба модарам чӣ мегӯям? Наход, ки офтоб аз паси абрҳои тира рух нанамояд? Ин дам як ҷавонмарди милламӯи чашмкабуд рӯ ба рӯям омад. Сӯи ӯ шитофтам. Вай тасдиқ кард, ки, оре, хунаш навъи якум аст. Вазъиятро ба ӯ фаҳмондам. Гуфтам, ки агар ба бародарам каме хуни навъи якум гузаронанд, шояд зинда монад. Роҳгузари ношинос дарҳол розӣ шуд. Вақте назди духтурон омадем, ӯ гуфт: «Ҳар чӣ қадар лозим бошад, гиред» ва остинашро барзад. Дар дилам шӯълаи умед пайдо шуд, ки бародарам зинда мемонад. Ба назарам гӯё нурҳои офтоб абрҳои тираро рахна карданд. Намедонам, духтурон аз роҳгузар чӣ қадар хун гирифтанд, вале таъкид намуданд, ки дар курсии даҳлез нишаста дам гирад, вагарна сараш чарх мезанад. Роҳгузар ба даҳлез баромаду ман назди бародарам шитофтам. Ҳамин ки духтурон давою дармонашонро анҷом доданд, зуд ба даҳлез баромадам, вале аз раҳгузар нишоне набуд. ӯ воқеан куҷое шитоб дошт, рӯз ҳам бегоҳ шуда буд.

Ҳамон шаб бародарам ҷон дод, корд ба дилаш кора кардааст. Аз байн солҳо гузаштанд, вале ман ёрмандии одамони нексиришт, алалхусус шафқат, ҷавонмардию одамгарии он роҳгузарро, ки хунашро бе истиҳола бо бародари маҷрӯҳам қисмат намуд, фаромӯш карда наметавонам. Магар баъд аз ин ӯ ба ман  бародар нест? Охир хун одамонро муттаҳид месозад. Чӣ фарқ дорад, ки ману вай ҳамреша ҳастем ё на? Охир дуруст мегӯянд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Афсӯс, ман ӯро дигар ҳеҷ гоҳ надидам. Ному насабаш чист, намедонам, касбу кораш чист, намедонам, суроғааш куҷост, намедонам. Фақат як чиз дар ёд мондааст, аз лаҳни гуфтораш аён буд, ки тоҷики бадахшонист.

 

Мансури Суруш, нависанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *