Раҳима: Намехоҳам кӯдаконам ятим монанд (ВИДЕО)
Раҳима журналист аст, бар зами ин модари ду тифлаки дугоник. Имрӯз бо ранги зарду тани афгор ва ҳоли парешон дар ба дар шудааст.
Раҳима журналист аст, бар зами ин модари ду тифлаки дугоник. Имрӯз бо ранги зарду тани афгор ва ҳоли парешон дар ба дар шудааст.
Сабаби ин ҳама сарсониҳои Раҳима бемории саратон аст. Шавҳараш аз рӯйи ҳамин дарди бе даво таркаш намуд ва думболи он оғоз ёфт, азобу уқубатҳои ин зани қаламкаш. Гирифтор шудан бо саратон баробар аст бо хондани хутбаи марг.
Раҳима инро хуб медонад, аммо дар назди ин дарди қаттол таслим шуданӣ нест. Бисёр мехоҳад бо ёрии рӯҳи муборизаш саратонро мағлуб намуда, умри дубора ёбад. Оре, ӯ мехоҳад зиндагӣ кунад. Мехоҳад зиндагӣ кунад, ба хотири ду духтараки нозанини падардори бепадараш, ки ба ғайр аз модар дар зиндагӣ дигар парасторе надоранд.
Раҳима имрӯз ниёз ба як каф дуо ва кӯмаку дастгирии шумо дорад. Инак, сарнавишти талхи ин зани ба марг маҳкумшуда, аммо дар набарди ҳаёт муборизро аз забони худаш пешкаши шумо месозем. Касоне, ки мехоҳанд ба раҳима кӯмаки молӣ расонанд, метавонад хайрияи худро ба ин суратҳисоб гузаронанд:
Амонатбонк: 20216972104311018082
Саҳифаи фейсбукиаш: RakhimaBoboeva
Рақами телефони Раҳима: +992 985 23 0286
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ