Раҳимзода генерал- полковник шуд
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба як гуруҳ кормандони Вазорати корҳои дохилӣ рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатиро тақдим кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон ба Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рутбаи генерал-полковник ва 5 нафари дигар рутбаи генерал-майор дода шуд:
— Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо рутбаи генерал-полковники милитсия;
— сардори РВКД дар ВМКБ Искандарзода Абдулваҳоб Мансур бо рутбаи генерал-майори милитсия;
— сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Шафизода Рустам Исмоил бо рутбаи генерал-майори милитсия;
— сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ Рамазонзода Суҳроб Кароматулло бо рутбаи генерал-майори милитсия;
— сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон бо рутбаи генерал-майори милитсия;
— сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадшозода Шерали Аъзам бо рутбаи генерал-майори милитсия сарфароз гардонида шуданд.
18 нафар корманди дигари Вазорати корҳои дохилӣ бо медалҳои «Хизмати шоиста» ва «Ҷасорат» мушарраф гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ