Раҳимзода милисаҳои бадмастро аз кор ронд

10 октябр дар як ҷаласа дар вазорати корҳои дохилӣ қазияи тирпарронии кормандони милитсия дар фурудгоҳи Душанбе баррасӣ шуда ва вазири дохила Рамазон Раҳимзода фармон додааст, ҳамаи 13 афсари милиса, ки Рӯзи кормандони оперативиро бо арақнӯшӣ дар Варзоб таҷлил кардаанд, аз ҷумла иҷрокунандаи сардори ШКД фурудгоҳ аз сафи милитсия ронда шаванд. Бегоҳи 6 октябр сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии милисаи фурудгоҳ Рустам Саъдиев дар ҳолати мастӣ ба зердасташ майон Ниёзмуҳаммадовро аз пистолети хидматӣ ду тир зад. Генерал Раҳимзода ҳамчунин фармон додааст, ки ҳайъати шахсии ШКД фурудгоҳ пурра ротатсия карда шавад.

Бино ба иттилои як манбаи муътамад дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, рӯзи 10 октябр дар як ҷаласа бо ширкати роҳбарони вазорати корҳои дохилӣ масъалаи тирпарронии ахири байни кормандони милитсия дар фурудгоҳи Душанбе баррасӣ шудааст.

Тавре расонаҳо  хабар дода буданд, бегоҳи 6 октябр сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии шуъбаи корҳои дохилии фурудгоҳи Душанбе Рустам Саъдиев дар ҳолати мастӣ зердасташ майор Ниёзмуҳаммад Алиевро аз сари китф ва пои чапаш ду тир зад. Саъдиевро баъди ин тирпарронӣ дастгир карданд ва Алиев дар бемористони «Истиқлол” ҷарроҳӣ шуд.

Дар ҷаласа дар ВКД гуфта шуд, ки 13 корманди милитсия барои таҷлили Рӯзи кормандони оперативӣ ба дараи Варзоб рафта арақнӯшӣ кардаанд ва Рустам Саъдиев аз ҳамон ҷо маст баргашта, ҷангу тирпарронӣ кардааст.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковник Рамазон Раҳимзода фармон додааст, ҳамаи ин 13 нафаре, ки барои таҷлили Рӯзи кормандони оперативӣ ба Варзоб рафта, арақнӯшӣ кардаанд, нафақат аз вазифа, балки аз сафи мақомоти милитсия ронда шаванд. Аз  ҷумла фармон додааст, то иҷрокунандаи вазифаи сардори ШКД фурудгоҳ капитан Баҳрулло Бобоев низ аз сафи милитсия ронда шавад. Баҳрулло Бобоев домоди Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мебошад.

Рамазон Раҳимзода ҳамин тавр, фармон додааст, то ҳайъати шахсии ШКД фурудгоҳи Душанбе 100 дарсад ротатсия карда шавад.

Дар ҷаласаи ВКД ҳамчунин мавзӯи ҳамлаи хунини рӯзи 29 июл ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара баррасӣ шуда, бо фармони вазир сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Норак ва ноҳияи Вахш бо тамоми муовинонашон аз мақом барканор карда шуданд. Ҳамлагарон асосан аз ҳамин ду минтақа буданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *