Раҳимзода: Забони қонунҳо нофаҳмост

 

Раҳимзода Маҳмад Забир, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон забони мушкил ва нофаҳмои қонунҳоро дар кишвар яке аз мушкилоти мубрам арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки феълан дар кишвар истилоҳсозӣ қариб вуҷуд надорад. 

Раҳимзода  зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои соддаю суфта кардани забон бояди олимони забоншинос сари як миз гирд оянд ва истилоҳҳои мувофиқро пешниҳод кунанд то истилоҳҳои бегона дар қонунгузории кишварро иваз намоянд.

Раиси Маркази қонунгузорӣ гуфт, Кумитаи забон ва истилоҳот наметавонад ин мушкилро ҳал кунад, зеро дар он ҷо олим нест: “Бояд масъулини Кумита якҷоя бо олимон истилоҳҳои забони худамонро пешниҳод кунанд, то тарҷумаҳо ҳам мувофиқи меъёрҳои забони мо анҷом дода шаванд”.

Ин дар ҳолест, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ қаблан аз забони мушкили қонунҳо шикоят карда, аз ташаббускорони лоиҳаҳо хост, ба соддаю фаҳмо будани матни қонунҳо таваҷҷуҳи бештар диҳанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *