«Раҳнамои Душанбе» ба табъ расид
Як талабот ва омили пешбурди туризм ин дастрасии сайёҳон ба дастурҳои тарғибкунанда, аз ҷумла раҳнамо ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва фарҳангию таърихӣ ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ва пеш аз ҳама дар пойтахти он – шаҳри Душанбе чунин мавзеъҳо бисёр буда, ҳазорон сайёҳ мехоҳанд аз онҳо дидан намоянд, бо манзараҳои табиӣ ва таъриху фарҳанги кишвар шинос шаванд.
Ба ин муносибат дар замони соҳибистиқлолӣ ширкатҳои сайёҳӣ ва ашхоси алоҳида китобу дастурҳои бисёре таълиф намуда, манзури сайёҳону меҳмонон кардаанд. Аммо ягонтои онҳо ба дараҷаи дастури рӯймизии «Раҳнамои Душанбе» пурмуҳтавою серсурат ва суроғаҳои аниқи мавзеъҳои сайёҳию фароғатӣ омода нашудаанд.
Муаллиф ва мураттиби «Раҳнамои Душанбе» Неъматулло Неъматов, ки ҳамзамон муаллифи аксари суратҳои дастури мазкур мебошад, оид ба вазъи сайёҳии кишвар дар пешгуфтори китоб маълумоти мухтасар ҷой дода, дар бобҳои «Ёдгориҳо ва майдонҳо», «Фароғат ва маишат», «Таомҳои аврупоӣ ва миллӣ», «Меҳмонхонаҳо», «Иншооти фарҳангӣ ва театрҳо», «Иншооти динӣ», «Марказҳои савдо» суратҳо ва суроғаҳои мавзеъҳо ва иншооти ёрирасони сайёҳиро дар шаҳри Душанбе тасвир намудааст.
«Раҳнамои Душанбе»-ро нашриёти «Дунёи Душанбе» бо сарпарастии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон бо забонҳои русӣ ва англисӣ аз чоп баровардааст.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ