Рақобати тоҷикону ӯзбекон барои оши палов

Идораи омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид , ЮНЕСКО ҳафтаи оянда масъалаи ворид кардани оши палав ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддиро ба баррасӣ хоҳад гирифт. Тоҷикистону Узбакистон ин ғизоро ҳамчун номзади феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ пешниҳод карда, вале ҳар кадом талош доранд, ки оши палав ба номашон навишта шавад.

Бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, дар Тоҷикистон то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, аммо соли гузашта дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна даҳ навъи ош, аз ҷумла, «оши гӯшти мурғ», «палави токӣ», «оши девзира» ва «оши як ба як» пешниҳод шудааст. Ба фарқ аз Душанбе Тошканд оши палавро нафақат ҳамчун ғизои миллии мардуми узбак, балки ба ҳайси «падидаи нодири иҷтимоиву фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ» ба ин рӯйхат фиристодааст.

Аммо дар масъалаи ҷашни Наврӯз, ки довталаби дигари шомил шудан ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддист, Тоҷикистону Узбакистон ҳамфикрӣ нишон доданд. Бо шумули ин ду кишвар, дар маҷмӯъ, 12 давлат хостори шинохти Наврӯз ба унвони мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ЮНЕСКО шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *