Раббонӣ ба Тоҷикистон меояд
Сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири корҳои хориҷии Афғонистон мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои амниятӣ, тиҷорат, транзит, тарҳҳои иқтисодии минтақавӣ ва умури консулӣ, гуфтугӯ кардаанд. Ба иттилои манбаъ, Шарофиддин Имомов ба Салоҳиддин Раббонӣ даъватномаи расмӣ аз сӯи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро барои сафари расмӣ ба Душанберо супурдааст. Салоҳиддин Раббонӣ гуфтааст, ки вазорати корҳои хориҷии кишвараш дар зудтарин фурсат таърихи сафари расмии ӯро ба Тоҷикистон муайян хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ