Ҷӯрабек дар Ҳисор консерт медиҳад

Саннаи 9-май яке аз сарояндагони ҷавону умедбахши саҳнаи тоҷик Ҷӯрабек Аҳмадҷонов дар Кохи Фарҳанги н. Ҳисор консерти хешро баҳри тамоми мухлисони ҳисорияш баргузор менамояд. Барои донистан ба чанд суоли хеш мо Ҷӯрабек Аҳмадҷоновро ба сӯҳбат ҷалб намудем. 

Ҷӯрабек барои имкон пайдо карда бо мо ҳамсуҳбат шуданатон изҳори ташаккур мекунем.

— Ташакури зиёд! Аз фурсати муносиб истифода бурда, арзу миннатдории худамро аввалан ба шумо ва баъдан ба кулли хонандагони ин нашрия аз ин минбари серхонандатарин ҳафтанома мерсонам.

— Сарояндаҳо рӯи саҳнаи ҳунар аз ғаму ғӯсаи ёр, аз хиёнати ошиқ ва аз шикаст дар  рӯзгорашон тарона мехонанд. Шумо бештар ба кадом мавзӯъ рӯй меоваред?

—  Аслан вақте ки ман хурд будам, модарам мехостанд, ки ман навозанда шавам, яъне навозандаи фортепиано. Ҳамин тавр бо хоҳиши модарам ман ба мактаби бачагонаи санъати шаҳрамон ба таҳсил шурӯъ карда онро самимона хатм намудам. Аз уҳдаи навохтан ба хубӣ баромадам. Нисбати ин касб шавқам рӯз то рӯз меафзуд, аммо дар сурудхонӣ бошад боз бештар. Шукри Худованд ҳозир дар қатори сарояндагони эстрада  қарор дорам ва сурудҳои нав ба нави худро ба кулли мухлисонам замзама карда истодаам. Ман бештар ба мавзӯҳои ишқӣ таваҷҷӯҳ дорам ва чанд силсиласуруд барои модарон низ пешкаш намудаам.

— То ҷое медонем пешаи интихобнамудаи шумо ба ҳунари сарояндагӣ ягон алоқамандӣ надорад, роҳи санъатро пеш гирифтан пешниҳоди ки буд?

Чихеле ки дар боло қайд намудам, сарояндагӣ шавқу рағбати кӯдакиям буд. Вале азбаски волидонам табиб ҳастанд, хостам мисли онҳо табиб шавам.

— Аз ибтидои фаъолиятатон то ба имруз чанд сурудро пешкаши мухлисонатон намудаед?

Росташро гӯям,  то кунун зиёда аз  96 – 97 сурудҳо сароидаам, ки бо албомҳо гурӯҳбандӣ шудаанд.

— Сурудҳое доред бо номи «Тахмина”, “Сарвиноз”, “Марҷонаҷон», ки хеле шуниданӣ рӯи оҳанг омадааст. Ин духтарҳо кӣ бошанд, ки Ҷурабекро инқадар бо ҳусну ҷамолаш мафтун намудаанд?

— Одатан сурудҳое, ки шумо ном бурдед ҳамааш пешниҳоду дархости мухлисон мебошад. Вақте  ки ба хонаи сардухтурамон Бурҳон меҳмонӣ мерафтем, ҷиянчае дошт бо номи Сарвиноз, ки касалии рӯҳӣ дошт ва ҳаргоҳе ки ба хонаи онҳо мерафтам ӯ маро шодиёна пешвоз гирифта оғуш мегирифт. Хоҳиш мекард ки ба номаш суруде замзама кунам. Аз ин хотир суруди Сарвиноз ба он бахшида шудааст. Суруди “Тахмина”  — ро ба ҳамсарам бахшидаам.

— Аз овозаҳо хабардор шудем, ки суруди бо номи “Очаҷон” сароидаи  Шумо аз зиндагии худатон гирифта шудааст. Оё ин рост аст?

— Тавре ки бисёри мухлисонам хабардор ҳастанд, аз дунё гузаштани  модарамро як сол пур нашудааст. Аммо он суруди  “Очаҷон” ба як рафиқи наздикам Сафаралӣ, ки модарашро аз даст дода буд, бахшида будам. Лекин тақдир чунину марг насиби модари азизам гашт. Ман модарамро ба воситаи суруд нею балки сидқан дӯст медоштам ва он кас бароям хеле азиз буданд.

Бисёриҳо андкша доранд, ки аксари сарояндаҳо ду зан доранд. Дар ин бора чӣ мегуед?

-Дар ин замона як зан ҳам барои мард зиёдатӣ аст. Аз куҷо ду се зан. Шумо бафикрам матали “Як занаро як бари рӯяш сиёҳ, дузанаро дубари рӯяш сиёҳ”-ро фаромӯш кардаед? Шукри Парвардигори олам, ман 1 ҳамсар ва  3 фарзанд дорам, ки бо онҳо мефахрам ва дӯсташон медорам.

-Мо клипҳои шуморо дар яке аз шаҳрҳои абарқудрат, яъне Дубайи Арабистон дида, хушҳол шудем. Барои ҳунармандони мо имрӯз дар хориҷа клип намудан ба қавле “мода” шудааст. Шуморо чи водор кард, ки клипи худро маҳз дар Дубай ба навор бигиред?

— Мо якҷоя бо дӯстон ба истироҳат рафта будем. Дӯстонам, ки дар санъатшавқу рағбати зиёд доштанд ва ҳамеша аз паи ин буданд, маро водор карданд ки якчанд клипи тару тозаро сабт намоем.

-Ба фикри шумо кадом давлати дунё бо манзараҳои зебояш диққати клипмейкерҳои таҷрибадоро ба худаш ҷалб карда метавонад?

-Фикр мекунам ба Тоҷикистони азизамон ягон мамлакати дигар бо манзараҳояш баробар шуда наметавонад. Ҳатто клипмайкерони хориҷӣ бо манзараи зебои сарзаминамон ҳаловат мебаранд ва баҳои баланд медиҳанд. Ба замми ин клипмайкерҳои тоҷик  низ дар сатҳи баланд қарор доранд.

Тавре ки маълум ва ошкор аст, бисёри аз сурудҳои Шумо дар васфи хиёнату ҷудоӣ сароида шудааст. Кӣ ба ишқи Ҷурабек хиёнат карда бошад?

Чихеле ки дар боло қайд намудам, маро дар зиндагиям касе хиёнат накардааст. Сурудҳое ки дар васфи хиёнат сароидаам ҳамааш бо дархости дӯстон ва мухлисонам мебошад.

-Миёни ҳунармандон, ки ҳастам як чиро хуб мушоҳида кардаам, ки  сарояндаҳо бар зами оиладор буданашон боз арӯсбозӣ ҳам мекунанд.Ҷурабек аз чашмонатон хондан мумкин аст, ки  духтарбози №-1 ҳастед. Шояд мо журналистон ғалат мекунем?

Шояд..(Механдад)

-Варзишро гарави саломатӣ мегӯянд. Оё шумо ба ягон навъи варзиш имрӯзҳо машғул ҳастед?

— Албатта! Дар ин замона нест ҷавоне, ки ба варзиш машғул нашавад.  Одатан дар вақтҳои холигиям бо ҷамъи дӯстон ба футбол ва тениси рӯи мизӣ машғул мешавам. Ин бисёр хуб аст ва ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад.

— Ҷӯрабек вақте ки ҷоизаро гирифтед чӣ  эҳсосе шуморо фаро гирифт?

— Ҷоизае, ки ба даст овардам, албатта бо дастгирии мухлисонам аст. Зеро мухлисонам ҳастанд, ки ман ҳам ҳастам.

-Намехоҳед, барои кулли мухлисонатон консерти муштарак пешкаш намоед ё замони “кризис” шудааст гуфта, шумо ҳам аз консерт додан рӯй мегардонед?

— Дар дил накшаҳои зиёд дорам. Азбаски бо таҳияи албоми нав машғул будам, аз ин хотир нахостам консертам  бо албомҳои кӯҳна гузарад. Ва ниҳоят дар соли 2017 дар арафаи ҷашни Наврӯз ду консерт дар шаҳри Қурғонтеппа ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пешкаши мухлисон намудам. 1 – уми май дар ноҳияи Ёвон низ як консерти хубе барпо намудам. Худо хоҳад нақша дорам, ки санаи 9 – май дар шаҳраки Ҳисор низ як консерти дигарро пешкаши мухлисон гардонам.

— Ба шумо дар роҳи эҷод кӣ кӯмак мерасонад?

— Модарам вақте ки зинда буданд кӯмакҳои зиёд менамуданд  ва дӯстони ҷониям ба эҷодиётам саҳми бениҳоят арзанда доранд ва бо дастгириву кӯмаки онҳо сурудҳои тару тозаро пешкаши мухлисон мегардонам.

— Оҳангу сурудҳое, ки шумо месароед хеле мазмуни баланд доранд. Барои ин сурудҳо худатон оҳанг месозед?

 — Баъзеҳояшонро худам эҷод мекунам. Ба дасгирии устодон ва бо пул дастрас мегардонам. Бояд гуфт ки ҳамаи сурудамро дӯсти ҷавонам Иномҷон Ахмедов ва Маҷнун Содиқов ба танзим медарорад.

— Оё шумо ансамбли худро доред?

— Албатта дорам. Чунки бе ансамбл ғайриимкон аст. Аз аввали фаъолият бо як гурӯҳ ансамбл кор карда истодаам. Дар вақтҳои холигӣ бо ҳамдигар во хурда машқ мекунем ва ё ягон идеяи суруди навро маслиҳат мекунем.

 

-Дар охир барои кулли мухлисонатон чи таманиёт доред?

-Ман ба ҳамаи мухлисонам хонаи обод, сиҳатӣ саломатӣ орзу дорам ва ҳамеша дар ватани соҳибистиқлоли мо ҳамихел тинҷӣ, амони ва ободӣ пойдор бошад.

Сӯҳбаторо: Наимҷон Қосимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *