Ҷӯрабек Муродов дар «Одноклассники» ба суолҳои мухлисонаш посух медиҳад!
Имрӯз 19-уми июл Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ — Ҷӯрабек Муродов дар суҳбат бо хабарнигори Tajikistantimes.tj гуфт, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз ба баъд мавсуф дар сомонаҳои иҷтимоии «Одноклассники», «Фейсбук», «Вконтакте» ва «Инстаграм» нишаста, ба салому пайғом ва суолҳои мухлисонаш посух медиҳад. Мавсуф иқрор шуд, ки дар аввал ба чунин пешниҳоди мутасадиёни саҳифаҳои сомонаҳои иҷтимоии ба номаш кушода шуда зид баромада буд:
« Дар аввал ба ин пешниҳоди фарзандонаму шогирдонам, хусусан мутасаддии сомонаҳои иҷтимоиямон Фирӯзҷон розӣ нашудам. Охир ман тамоман ба техникаи замони шумо ҷавонҳо «ҷӯра» набудам. Худи ҳамин телефонҳои мобилиро танҳо рақамҳоро чидану занг задан ва ба зангҳо ҷавоб доданро медонаму бас».
Ба саволи он ки пас чаро яку якбора бо техникаи замони муосир «ҷӯра» шудед? Чунин посух дод:
«Вақте, ки бори аввал пайғоми мухлисони берун аз кишварро ба ман хонданд, ибтидо бовар накардам. Аммо вақте, ки худ бо чашмони худ дида, хондам, хеле хурсанд шудам. Ин Интернети замони Шумо беҳад чизи хуб будааст. На ба масофа кор дораду на ба мавҷ. Аз худи Амрикою Аврупо дар як дам кули гапҳои мехостаашонро навишта мефиристонанд. Ман ҳам баъди хондани муҳаббатномаҳои дӯстонам аз Фирӯзҷон хоҳиш кардам, ки навиштан дар ноутбукро ба ман ёд диҳад, то ин ки худам сухани дар дил доштаамро нависам. Дар аввал албатта душвор буд, аммо оҳиста- оҳиста ёд гирифтем. Акнун аз саҳар боз ба пайғому дуруди мухлисонам худам ҷавоб менависам».
Устод Ҷӯрабек Муродов дар ҳоле бо интернет сару кор гирифтанро омӯхтааст, ки се моҳ ба инҷониб дар сомонаҳои иҷтимоии «Одноклассники»-ю «Фейсбук» бо номи ӯ саҳифаҳои шахсӣ кушода шуда, мутасаддиёни он ба суолҳои мухталифи мухлисонаш посух медиҳанд. Аммо худи ҳунарманд мегӯяд, ки «Ҳарчанд шогирдони азиз ҳамон суханеро, ки худам мегӯям, менависанд, аммо мухлисони қадрдонам бисёр хоҳиш мекунанд, ки худам ҳарфе бинвисам. Билохира, муҳаббати мухлисони азиз боло гирифту ман ҳам ҳамқадами шумо гардидам. Албатта ман наметавонам, ки мисли шумо дар компютеру ноутбук тез нависам, аммо масалан имрӯз ба 10 паёми мухлисонам дар «Одноклассники» ҷавоб навиштам. Иншоаллоҳ дар «Фейсбук» ҷавоб навиштанро ҳам омӯхта истодаам. Пагоҳ ё пагоҳи дигар дар он ҷо низ то ҳадди имкон худам ба паёми мухлисонам посух менависам».
Аммо яке аз мутасаддиёни саҳифаи устод дар сомонаи «Однокласники» дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки « Шумо худатон хуб медонед, ки дар сомонаи «Однокласники» мардум суханҳои қабеҳу ҳакоратомез зиёд менависанд ва мо аз ҳамин хавф дорем. Бинобар ҳамин ҳам ба устод танҳо паём (сообщения) навиштану кушодани онро ёд додем. Аз ҳамаи онҳое, ки дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» бо мо дӯстӣ доранд, ба камоли эҳтирому самимият хоҳиш дорем, ки дар навиштани паёмакҳо ва умуман шарҳҳо одобро нигоҳ доранд. Охир мо мардуми тоҷикро барои суханони зебою лафзи ширини шоиронаамон дӯст медоранд, ин ба шаъни мо барин миллати тамаддунофару шоирзода намезебад».
Дар ҳамин ҳол алорағми ташвишу нигаронии аксари истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ худи устод Ҷӯрабек Муродов аз он ки кор кардан бо сомонаҳои иҷтимоиро омӯхтааст, басо мамнун аст:
« Ман аз муҳаббати мухлисонам курта-курта гӯшт мегирам. Бовар кунед, аз хондани баъзе паёмҳо дар чашмонам ашк пайдо мешавад. Зеро эшон бобати лаҳзаҳое ёдовар мешаванд, ки ҳатто худи ман бархеяшро дар хотир надорам. Хеле хушнуд аз он ҳастам, ки бо мухлисони қадрдонам ғоибона ҳам бошад, ба воситаи тугмаҳои ноутбук дар иртибот мешавам. Хеле мамнунам ки мухлисонам аз ман ҳар субҳ мепурсанд: «Салом устоди гиромӣ, саломатиятон хуб аст?» Бовар кунед, пас аз хондани намоз ин беҳтарин лаҳзае ҳаст, ки субҳгоҳон бо аҳволпурсии мухлисони аз чашм дуру ба дил наздикат рӯзатро оғоз мекунӣ. Ман бо шумо зиндаам, мухлисони қадрдонам. Бигзор Худованд ҳамеша шуморо дар паноҳаш сиҳату саломат нигоҳ дорад, зинда бошед!».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ