Рабонӣ: Ба номи худо қасам хӯрду худоро фаромӯш кард
Ғулоб Рабонӣ Абдул Халил ном шаҳрванди Афғонистон (сокини Тоҷикистон) чанд рӯз пеш ба дафтари хабаргузории ҳафтанома як баста баёнот, ариза ва ҳалномаҳоро гирифта омад ва гуфт: Ман дар ҷустуҷӯи гузетае будам, ки проблемаи мардумро дақиқу сареҳ дарҷ карда ба мақомоти болоӣ расонад. Чанде аз сокинони мӯҳтарами шаҳри Хуҷанд “ба газетаи “Тоҷикистон” муроҷиат намо” гуфтанд…
Мард, ки рост истода аз папкаи аз дасташбуда баъзе мисолҳоро мехонд ӯро ба нишастан даъват кардам. Раббонӣ дар аввал ҳамаи он муносибате, ки байни ӯву ҳамширики савдоияш шудааст нақл кард:
-Аслан ин муаммои нав нест, 25 сол пеш буд. Яъне 25 сол пеш ман аз кишварам ба кишвари шумо ҳамроҳи аҳли оила омадам. Замони ба шаҳри Хуҷанд омадан ба савдо машғул будам. Он замон мардум аз ҳаққи мардумхӯрӣ тарси зиёд доштанд. Ҳатто нафароне, ки аз ман қарз мегирфтанд соати 2-3 и шаб дарамро кӯфта пулро меоварданд. Мегуфтам, ки “бародар ҳоҷат набуд, ки дар ин вақти шаб худро овора кунӣ”, мегуфт, ки “акаҷон амонат дар дастам бошад то саҳар хобам намебарад, бигзор бевақт бошад ҳам суми касро диҳаму ором хобам”. Аммо…
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ