Раддабандӣ. Даромади сокинони Тоҷикистон дар 1 рӯз чӣ қадар аст?

Дар соли 2023 даромади миёна (медианӣ)-и сокинони Тоҷикистон 5,33 доллар дар як рӯзро ташкил медиҳад. Дар саросари ҷаҳон он ба ҳисоби миёна ба 16,09 доллар баробар аст. Ин маълумот дар портали WiseVoter оварда шудааст.  

Мақоми Тоҷикистон

Тоҷикистон аз лиҳози даромади миёна байни 162 кишвари дунё мақоми 105-умро касб кардааст. Ҳамин тариқ, даромади миёна байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чунин арзёбӣ шудааст:

— Қазоқистон — 10,42 доллар;

— Қирғизистон — 5,43 доллар;

— Туркманистон — 2,4 доллар;

— Ӯзбекистон — 1,23 доллар.

Дар Русия ин нишондиҳанда ба 17,41 доллар баробар аст.

Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаи Тоҷикистон 2,2 баробар аз Туркманистон ва 4,3 баробар аз Ӯзбекистон зиёдтар аст.

Даромади миёна ё худ медианӣ ҳаҷми даромадеро, ки сокини аз лиҳози омор миёнаи ин ё он кишвар мегирад, нишон медиҳад. Барои муайян кардани нишондиҳандаи мазкур ҳамаи коргаронро ба ду қисми баробар тақсим мекунанд: дар нисфе аз коргарон даромад бояд аз ин маблағ зиёд бошад ва дар нисфи дигар камтар. Мисол, миёни даромадҳои 10, 8, 6, 4, 2 ҳазор сомонии панҷ шахси шартӣ миёна ё медианӣ 6 ҳазор сомонӣ ба ҳисоб меравад, яъне нишондиҳандае, ки дар мобайн қарор гирифтааст.

Дар саросари ҷаҳон аз лиҳози даромади миёна Люксембург — 69,48 доллар пешсаф аст. Дар идома Норвегия — 65,30, Амороти Муттаҳидаи Араб — 65,14, ИМА — 65,04 қарор гирифтаанд.

Дар зинаҳои охири раддабандӣ Конго — 1,46 доллар, Ӯзбекистон — 1,23 ва Мадагаскар -1,12) ҷой гирифтаанд.

Дар омори Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа барои муайян кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ истифода мешавад. То 1-уми апрели соли равон музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 208 доллар, Ӯзбекистон — 389 доллар, Қирғизистон — 407 доллар ва Қазоқистон — 808 долларро ташкил медод.

Вазир: Даромад 113 баробар зиёд

Даромадҳои пулии аҳолии Тоҷикистон тайи 23 соли охир аз 1 млрд то 113 млрд сомонӣ расида, афзоиш 113 баробарро ташкил медиҳад.

Ин нуктаро ахиран вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода зимни таҷлили Рӯзи иқтисодчиён баён доштааст.

Ба гуфтаи вазир, 23 соли охир новобаста аз таъсири манфии таҳдидҳову омилҳои берунӣ рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7% таъмин гардидаст.

Ҳамчунин, Завқизода афзоиши назарраси ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро таъкид намудаст, ки аз 1,8 млрд сомонии соли 2000 то ба наздики 131 млрд сомонӣ расидааст. Аз ҷумла, рушди иқтисоди кишвар дар соли 2023-юм 8,3%-ро ташкил додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12%, кишоварзӣ 9%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5%, боркашонӣ 16,6%, хизматрасонии пулакӣ 14%, гардиши савдо 13% фоиз ва мусофиркашонӣ қариби 10% таъмин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *