“Радди маърака”. Бархӯрди ҷомеа ба гирифторони ВНМО
Мунира сокини 48-солаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯро ҳамсоягонаш намегузоранд, ки дар тори саҳни бинои истиқоматиаш либосҳояшро овезад. Сабаб гирифтории ин зан ба ВНМО аст.
Нияти худкушӣ
Чанд сол пеш вақте Мунира либосҳояшро шуста, барои хушк кардан ба назди тори либосовезӣ омад, торро канда дарёфт. Чанде аз ҳамсоягонаш гуфтанд, ки либосҳояшро дар хонааш хушк кунад, то атрофиён ҳам сироят наёбанд. Ин зан мегӯяд, ки пас аз гирифторӣ ба ВНМО хушунату табъиз нисбаташ афзуда, ҳамсоягон ва хешовандон ӯро ба қавле “радди маърака” кардаанд. «Ман чанд бор лаби дарё рафта омадам. Ҳамеша дар сарам фикри худкушӣ кардан буд. Ҳатто дар хона борҳо худро ба дор кашиданӣ шудам. Аммо… Фикри фарзанди ягонаам маро аз ин роҳ медошт”,- мегӯяд ин зани сироятёфта.
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки манбаи сирояти ӯ шавҳараш буд, ки чанд сол пеш бар асари гирифторӣ ба ВНМО фавтид. Бино ба нақли ин зан, мардум занонеро, ки ба ВНМО мубтало мешаванд, ҳамчун зани сабукпо ва бероҳа баҳо медиҳанд. Аммо дар асл чанд соли охир бештари занон маҳз аз муҳоҷиршавии шавҳарашон ба ин вирус мубтало мешаванд.
Бино ба нақли ин зан, сироятёбии шавҳарашро ба ВНМО баъди маргаш фаҳмид. Зеро дами марг шавҳараш иқрор шудааст, ки аз Русия ба ин вирус мубтало шуда, ҳамсарашро низ олуда кардааст.
Ба хонаи мо набиё!
Бояд гуфт, ки ВНМО асосан бо се роҳ мегузарад, аммо қишри зиёди ҷомеа фикр мекунанд, ки ин вирус бо салом кардану роҳи ҳавоӣ ва қатрагӣ ҳам мегузарад. Ин фаҳмиши нодуруст боиси боз ҳам шиддат гирифтани доғгузорӣ нисбати ин қишри ҷомеа мешавад, ки на танҳо шаҳрвандони қаторӣ, балки баъзе аз корманди тиб ҳам бархӯрди манфӣ мекунанд. Зеро ба ин ҳолат Мунира бисёр рӯ ба рӯ шудааст. Нақл мекунад, ки «чанд моҳ пеш маро мошин зад. Аз ҳуш рафтам. Вақте ба худ омадам, дар шуъбаи эҳё будам. Табиби табобатӣ болои сарам меистод ва гуфт, ки шумо бемории ВНМО ҳастед, барои чӣ огоҳ накардед… Ин суханон маро андӯҳгин кард ва гуфтам, ки охир, ман беҳуш будам, чӣ хел гӯям? Баъдан табиб даррав дастпӯшак пӯшид ва ҳамшираи тибро ҳам гуфт, ки дастпӯшак пӯшад ва ҷойгаҳи маро дуруст кунад»…
Мунира мегӯяд, ки наздики 20 сол боз ба хонаи ягон хешовандон нарафтааст. Зеро пайвандонаш ошкоро гуфтаанд, ки рафтуомадро қатъ кунад. Ин зан бори охир хешу таборашро 3 сол пеш дар рӯзи тӯйи домодии ягона писараш дидааст, ки бештари онҳо на ба хонааш, балки ба тӯйхона омаданду рафтанд. Ҳоло писар ва келини Мунира дар муҳоҷирати меҳнатиянд ва қаҳрамони мо дар танҳоӣ зиндагӣ мекунад.
Мунира мегӯяд, ки гирифторони ВНМО руҳану ҷисман дар азобанд. Аммо дароз шудани ангушти ишорат ба сӯяшон азоби онҳоро дучанд мекунад. Инчунин ягон корфармо намехоҳад гирифторони ВНМО-ро ба кор қабул кунад. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки хуб мешуд муносибат бо ин гуна ашхос ранги дигар гирад, то онҳо ҳам мисли дигар одамон зиндагии солимонаро пеша кунанд.
Беш аз 200 ҳодисаи сироятёбӣ дар 10 моҳ
Танҳо давоми даҳ моҳи соли равон дар шимоли кишвар 213 ҳодисаи нави сироятёбӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 151 нафар мард ва 62 нафар занон мебошанд. Абдумавлон Абдуллозода, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ)-и вилояти Суғд зимни суҳбат гуфт, ки тибқи таҳлилҳои соҳавӣ беш аз 80 дар сади сироятёбӣ дар муҳоҷират бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба қайд гирифта шудааст ва сабаби асосии паҳншавии сирояти ВНМО дар сатҳи вилоят низ — ин муҳоҷирати бардавоми сокинон мебошад. Бояд гуфт, ки дар миқёси вилояти Суғд дар умум 2550 нафар мубталоёни ВНМО/БПНМ бо табобати зидди ретровирусӣ фаро гирифта шудаанд, ки 91,5%-и дар қайд истодагонро ташкил медиҳанд. Дар 10 моҳи имсол 47 нафар сироятёфтагони ин вирус фавтидаанд.
Фарзона ШАМСИЕВА,
вилояти Суғд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ