Раддияи зидди раддия. Боздошт буд ё набуд?

Маркази робитаҳо бо ҷомиаи КДАМ нимаи дуюми рӯзи 13 ноябр раддияи қаблиашро пас гирифта, тасдиқ кардааст, ки дар ҳақиқат хабарҳо дар бораи боздошти афрод барои қасди анҷоми ҳамлаҳо ба зидди пойгоҳи 201-уми Русия дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе воқеият доштааст.

Дар бораи боздошти 12 нафар таҳти роҳбарии Сӯҳроб ном нафаре аз шаҳри Ваҳдат рӯзи 12 ноябр радиои «Озодӣ” хабар дода буд. Аммо субҳи 13 ноябр маркази робитаҳо бо ҷомиаи КДАМ бо нашри як изҳороти расмӣ хабарҳо дар бораи ошкор шудани нақшаи ҳамлаи ба пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро рад кард. «Хабарҳои нашршуда дар матбуот дар бораи боздошти ҷангиёни созмони террористии ДОИШ воқеият надорад,” – гуфта мешуд дар ин изҳорот.

Сардори хадамоти матбуоти КДАМ Дилшод Абдуалимов рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбати телефонӣ бо хабаргузории «Азия Плюс” низ гузоришҳои дар бораи боздошти 12 ҷангии ДОИШ бо роҳбарии Сӯҳроб ном нафаре аз шаҳри Ваҳдатро беасос хонд: «Мо расман маълумотро дар бораи гӯё боздошти гурӯҳе аз исломгароён, ки назди пойгоҳи 201-ум амали террористӣ содир карданӣ будаанд, рад мекунем. Ин маълумот нодурусту носаҳеҳ аст. Мо касеро боздошт накардаем ва чунин амали террористӣ ҳам омода намешуд.”

Аммо дар нимаи дуюми рӯз Дилшод Абдуалимов дар сӯҳбати нави телефонӣ бо «Азия-Плюс” изҳор дошт, ки хабарҳо дар бораи боздошти нафарони ДОИШ ҳақиқат дорад: «Он замон чунин маълумотро хадамоти матбуот дар даст надошт. Ҳозир мо медонем, ки чунин ҳодиса ҷой дошт”.

«Аммо ӯ саҳеҳан гуфта натавонист, ки маҳз кай ва дар куҷо гурӯҳе боздошт шудааст, ки тарконидани комендатураи пойгоҳи 201 ва мактаби русиягиро дар Душанбе ният дошт, – гуфтааст «Азия Плюс”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *