Радио ба корманди худ ҷазо додааст.

 

Роҳбарияти радиои «Озодӣ” хабарнигори бахши тоҷикии ин радио Зафар Абдуллаевро барои тӯҳмату таҳқири сардабири сомонаи «Ахбор” Мирзои Салимпур ва таҳдиди буридани каллаи ин журналист расман танбеҳ додааст. Зафар Абдуллаев рӯзи 31 март дар саҳифааш дар Фейсбук дар бораи сардабири сомонаи «Ахбор” Мирзои Салимпур як матлаби  таҳқиромезро нашр карда, сипас ба Мирзои Салимпур таҳдид карда буд, ки каллаашро мебурад.

Ёдовар мешавем, беш аз ду сол инҷониб моҷарои байни роҳбари  Радиои Озодӣ Соҷидаи Мирзо ва Мирзои Салимпур идома дорад ва ин моҷаро баъд аз ба Радиои Озодӣ ба кор омадани Зафар Абдуллоев  ва барканории Хуршеди Ҳамдам аз роҳбарияти ин радио дар Душанбе авҷ гирифта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *