Радиои тоҷик: аз мушкилоти кадрӣ то сатҳи барномаҳо
Шахсоне, ки имрӯз роҳбарии радиоро ба уҳда мегиранд, бояд журналисти хуби соҳа бошанд, мавҷи радиоро ҳамеша назорат кунанд. Шароити кории хуб барои хабарнигорон муҳайё созанд. Агар аз ҷиҳати иқтисодӣ имкон надошта бошанд, ақаллан журналистҳои хубро халал нарасонад, онҳоро маҷбур накунанд, ки ҷойҳои кориашонро тарк кунанд. Имрӯз радиоҳои давлатӣ ва хусусӣ ниёз ба Субҳон, Саидэҳсон ва Орзу доранд.
10 апрел рӯзи аввалин пахши барномаҳои радиои Тоҷикистон аст. Тӯли 89 сол мешавад, ки радиоҳои кишвар мардумро аз рӯйдодҳои нав огоҳ мекунанд. Имрӯз мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чанд соли охир бо пеш рафтани Интернет ва дигар воситаҳои итттилоърасонӣ шунавандаи радио то ҷое коҳиш ёфтааст. Воқеият чист? Радиоҳои Тоҷикистон дар баробари пешравӣ, чӣ мушкилот доранд? Хабарнигори “Тоҷикистон” дар арафаи Рӯзи радиои тоҷик чанд нафар рӯзноманигоронеро, ки дар радио фаъолият мекунанд, пурсон шуд.
Ҷонибек Асрориён, сармуҳаррири радиои «Фарҳанг»:
-Имрӯз шунавандаҳои радиои кишвар на танҳо мардуми деҳот, нафақахӯрону хонанишинҳо ҳастанд, балки шахсиятҳое низ ҳастанд, ки ба илму фарҳанг сарукор доранд ва онҳо шунавандаи радио ҳастанд. Умуман, доираи шунавандагони радио ҳеҷ гоҳ мавқеашро гум намекунад, то замоне ки аудиторияи худро доранд. Агар мушоҳида кунем, солҳои пеш танҳо дар хона ва ҷойҳои корӣ радио буд, вале дар шароити кунунӣ ҳама дар телефони мобилии худ радио дорад. Ин имконият медиҳад, ки мардум бо радио наздиктар шаванд, саволу дархост пешниҳод кунанд ва мушкилоти худро ҳал кунанд.
Сурайёи Шуҷоат, журналисти «Садои Душанбе»:
-Радио, телевезион ва матбуот имрӯз ҳар кадоме доираи шунаванда, бинанда ва хонандаи худро доранд. Ҳоло ҳам мардум ба радио таваҷҷуҳи бештар мекунанд, зеро он воситаи аз ҳама арзон ва барои мардум дастрас аст. Вақти онҳоро дар иҷрои кори хона ё саҳро намегирад. Имрӯз шунавандагони радио мардуми деҳот, бахусус занону духтарон ва маъюбон мебошанд. Аммо, мутаассифона, қисми зиёди мардуми мо нисбат ба барномаҳои радио камтаваҷҷуҳанд ва рӯ ба филмҳои туркӣ овардаанд. Ин ҳам сабаб дорад. Баъзе барномаҳое, ки 10 сол пеш дар радио пахш мешуданд, ҳоло ба он сатҳ нестанд. Шунаванда он чизе, ки мехоҳад, гӯш кунад, дар радио пайдо намекунад. Шахсоне, ки имрӯз роҳбарии радиоро ба уҳда мегиранд, бояд журналисти хуби соҳа бошанд, мавҷи радиоро ҳамеша назорат кунанд. Шароити кории хуб барои хабарнигорон муҳайё созанд. Агар аз ҷиҳати иқтисодӣ имкон надошта бошанд, ақаллан журналистҳои хубро халал нарасонад, онҳоро маҷбур накунанд, ки ҷойҳои кориашонро тарк кунанд. Имрӯз радиоҳои давлатӣ ва хусусӣ ниёз ба Субҳон, Саидэҳсон ва Орзу доранд.
Субҳон Ҷалилов, директори Радиои «Ватан»:
-Имрӯз нисбат ба дигар воситаҳои ахбори омма шунавандаи радио бештар аст. Бартарии радио дар он аст, ки барои шунидан қариб пул сарф намешавад, фаврият то андозае риоя гардида, доираи барномаҳо, фарогирӣ ва мавзӯъҳояш ҳам фарохтару шавқовартар аст. Шунавандаи радио ҳамоне аст, ки мехоҳад мавқеи ӯро ҳамин лаҳза ва дар ҳамин мавзӯъ, ки матраҳ аст, дигарон фаҳманд, дар миёни назарҳои мухталиф нигоҳу назари ӯ ҳам мустақиман ҷой ёбад.
Имрӯз шунавандаи радиоро метавон ба чанд гурӯҳ тақсим кард. Гурӯҳи аввал касоне ҳастанд, ки замони ягона будани радио барои ҳама, яъне, замони шӯравӣ ва вақте ки радиоҳои замони нав вуҷуд надоштанд, радиоро гӯш мекарданд. Онҳо табиист, ки аз шеваи таҳияи барномаҳои имрӯзи радиоҳои хусусӣ он қадар розӣ нестанд ва нигарониву эродашон то ҷое дуруст ҳам ҳаст. Радиое, ки онҳо мешинохтанду мешуниданд, ба сифати барномаҳо, саводу донишу ровӣ, муҳаррир ва гӯянда таваҷҷӯҳи бештар медод. Онҳо ба консертҳои зинда, садоҳои табиӣ ва воқеӣ, гуфторҳои хуби адабӣ, фарҳангӣ ва мусиқӣ одат карда буданд.
Гурӯҳи дуюм онҳое ҳастанд, ҳам шеваи куҳнаи таҳияи барномаҳои радиоӣ онҳоро қаноатманд намекунад ва ҳам ба пайдоиш ва фаъолияти радиоҳои замони нав, ки дар мавҷи FM барнома таҳия мекунанд, ботаҳаммул назар мекунанд. Бартарии ин гурӯҳи шунавандаҳо он аст, ки онҳо қобилияти таҳлил, баррасии оқилона ва дуруст, истеъдоди муқоиса кардан ва беҳтаринро интихоб карданро доранд. Онҳо шабу рӯзи дароз дар назди радио намешинанд, вале дар бораи ҳар барномаи радиоӣ хулосаи санҷидашуда доранд.
Гурӯҳи сеюм насли наве аст, ки ба мазмун ва мундариҷаи саҳифа ва бахшҳои радиоӣ, ба мантиқи суҳбати гӯянда ва диджей комилан таваҷҷуҳ намекунанд. Агар зеҳн монанд ҳам, дурустӣ ва хатои суҳбати ӯро фаҳмида наметавонад. Барои онҳо муҳим суруд ва мусиқӣ аст. Ҳоло баъзе ровиёни ҷавону камтаҷриба ва ҳатто комилан бетаҷриба дар як муддати кӯтоҳ худро машҳур мепиндоранд. Набудани нигоҳи танқидӣ, набудани баҳогузории мушаххас ва дақиқу санҷидашуда аз ҷониби шунавандаҳо, мақомоти назораткунанда ва мунаққидон ба он мусоидат мекунад, ки хатоҳои дағал ҳар рӯз такрор шаванд ва қариб ки ба меъёри суҳбати ҷавонон табдил ёбанд.
Дар ҳамин миён гурӯҳи дигари ками шунавандаҳои радиоӣ ҳам ҳастанд, ки нигоҳи замонавӣ, дониши амиқ, дарки баланд, истеъдоди таҳлил ва бархӯрди оқилона доранд.
Бароҳат Шукурова, журналисти радиои “Имрӯз”:
-Радио воситаест, ки мардум дар тамоми ҷой метавонанд онро гӯш кунанд, аз навигариҳои рӯз огоҳӣ ёбанд. Имрӯз радио аудиторияи васеъ дорад. Шунавандагони он дар ҳамаи табақаҳои ҷомеа ҳастанд. Махсусан имрӯз дар дохили нақлиёт шунавандагони радио бештаранд. Радио дар ҳаёти мардум нақши калидиро мебозад, нисбати радио бе таваҷҷуҳ нестанд ва инро мо аз зангҳои телефонӣ мушоҳида мекунем.
Саидҷаъфар Ашӯров, директори радиои “Ховар”:
-Аз он рӯзе, ки радио ҳамчунин воситаи алоқа ихтироъ шуд, ақидаҳои гуногун пайдо шуданд. Яке мегуфт бо омадани радио касе матбуот намехонад ё рӯйи кор омадани ТВ касе радио гӯш намекунад. Аммо гузашти вақт нишон дод, ки ин се шоха дар тамоми қишри ҷомеа мақоми худро аз даст нахоҳанд дод. Гарчанде асри ХХI бо суръати баланди техника рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, пешрафти Интернет низ наметавонад ҷойи радиоро гирад. Имрӯз баръакс шунавандагони радио нисбат ба замони шӯравӣ дида бештар ба назар мерасанд. Радиоҳои мо дар сомонаҳои интернетӣ сомонаи худро доранд ва мардум метавонанд ҳамзамон дар баробари истифодаи он, инчунин, шунавад. Гарчанде дар Тоҷикистон нисбат ба шабакаҳои ТВ радиоҳо зиёд бошанд ҳам, вале ҳар кадоме аудиторияи худро доранд.
Обидҷон Саидзода, муовини аввали директори Радиои “Тоҷикистон”:
-Агар барномаҳои радиои имрӯз ҳадафрас, мақсаднок ва актуалӣ бошанд, он вақт аудиторияи худро ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳанд дод. Радио яке аз расонаҳое мебошад, ки дар шароити иқлими Тоҷикистон мавҷи он ба ҳама минтақа мерасад. Ҳатто ба ҷое, ки газета рафта намерасад, инро мо метавонем аз муроҷиат ба барномаҳои радиои муайян кунем. Барои ин бо аудиторияи васеи ҷомеа ҳамеша дар алоқа мебояд буд. Шунавандагони радио имрӯз тамоми синну сол — аз хурдсол то калонсол, аз мардуми одӣ то олиму мутахассисон мебошанд.
Таҳияи Ширин Тоҳирӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ