Рафтори дағали хонанда боиси барканории падараш аз мансаб шуд (аудио)

Барои рафтори дағалонаи як хонандаи мактаб директор ва муовинаш аз кор озод шуданд. Инчунин, мудири шуъбаи маориф огоҳӣ гирифт.

Рафтори дағалонаи хонандаи мактаб дар ноҳияи Фархор ахиран дар як видео  шабакаҳои иҷтимоиро ба ларза овард.  Дар ин навор, ки ҳафтаи  гузашта дар канали «ParvizTV» нашр шуда,  дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Дар рафти дарс хонанда омӯзгорро дашном ва суханони қабеҳ мегуфт.

Баъд аз навори шабакаҳои иҷтимоӣ бо дастури вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Навори мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шуда, шахсияти хонанда муайян гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, муайян шуд, ки “қаҳрамон”-и навор хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фархор, ҳамзамон, фарзанди директори ҳамин муассиса Рустам Иброҳимов мебошад. Ҳолати мазкур 6-уми октябр дар рафти дарси забон ва адабиёти тоҷик бо омӯзгори дарсдиҳанда Миҷгона Сафарова рух додааст.

«Дар натиҷа бо фармоишҳои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор директори муассиса Рустам Иброҳимов ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Маҳбуба Фатоҳова аз вазифа озод гардиданд»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Нисбат ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати беназоратӣ ва дуруст ба роҳ намондани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ гардидааст. Ҳамчунин, нисбат ба хонандаи мактаб аз ҷониби масъулини хадамоти кор бо ноболиғони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор мавод тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *