Рафтори Путин норозигии Киеву дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард

Нишасти изтирории Шӯрои амнияти СММ дар бораи Украина. Вуруди тонкҳо ба Донетск

Шаби душанбе Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, пас аз он ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия истиқлоли минтақаҳои ҷудоиталаби шарқи Украинаро ба расмият шинохт, нишасти фавқулодда баргузор кард.

Чанд лаҳза пеш сафири Фаронса дар СММ баргузории ин нишастро ба хабарнигорон шарҳ дода, гуфтааст: «Бо як вазъияти бисёр драмматикӣ рӯ ба рӯ ҳастем». Фаронса аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ин амали Русияро маҳкум кард ва хоҳони нишасти фавқулоддаи Шӯрои амният шуда буд.

Сафири Амрико дар СММ Линда Томас-Гринфилд дар суханронии худ амалкарди Путинро барои фиристодани нерӯи низомӣ ба Донетск ва Луҳанск сахт накуҳиш кард ва гуфт, ки «мо медонем онҳо воқеан кӣ ҳастанд».

Хабаргузории «Рейтерз» ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш дода буд, ки худравҳои низомӣ, аз ҷумла тонкҳо вориди шаҳри Донетск шуданд. Ин гузоришгар мегӯяд, панҷ танк дар дарвозаи дохишавӣ ва ду тонк дар дохили шаҳри Донетск дида шудааст.

Президенти Русия дастур дод, ки неруҳои ин кишвар ба минтақаҳои ҷудоиталаб дар шарқи Украина дохил шаванд. Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ тасмими Маскавро ба шиддат маҳкум карда, ваъда додаанд, ки таҳримҳои сахтеро алайҳи Русия ҷорӣ хоҳанд кард.

Шаби 21-уми феврал Владимир Путин дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин амали ӯ боиси норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *