Рафтуомад бо Узбакистон содда мешавад

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори содда шудани раводид бо Узбакистон шуд ва ҳамзамон аз ташаббуси ҷониби Тошканд дар мавриди барқарорсозии парвозҳо миёни ду кишвар, истиқол кард.

Дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Узбакистон ва ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон Рустам Азимов, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки кишвараш хостори дар оянда беҳтар шудани муносибатҳо дар масъалаҳои барқарорсозии роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, ба роҳ мондани воридоти дубораи нерӯи барқ, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, бекор кардан ё содда гардонидани низоми раводидии рафтуомади шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад.

Ин сафари нахустини ҳайати Узбакистон ба Тоҷикистон баъд аз марги Ислом Каримов ва ба раёсати ҷумҳурӣ расиданиШавкат Мирзиёев аст. Тарафи Тоҷикистонро дар ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматӣ Давлаталӣ Саид – муовини аввали нахуствазир – раҳбарӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *